Чанд рӯз қабл кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои даст доштан ба гардиши ғайриқонунии маводи нашъовар ду шаҳрванди хориҷиро боздошт намуданд, ки аз онҳо зиёда аз 23 кг маводи нашъаовар мусодира гардид.
Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, кормандони Агентӣ шаби 21 январ дар шоҳроҳи Ҳамадонӣ - Душанбе автомашинаи тамғаи “Нива-Шевроле”-ро боздошт намуданд.
Дар рафти азназаргузаронии он дар дохили автомашина 3 лингча ва як борхалта ошкор карда шуд. Дар дохили он 23 кг 500 гр маводи нашъаовари бангдона мавҷуд буд, ки ба шаҳрванди 35-солаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, сокини вилояти Тахор М.И. тааллуқ дошт.
Тафтишоти пешакӣ нишон дод, ки М.И. соли 2008 барои фурӯши 8 кг героин аз тарафи суди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 15 соли маҳрумият аз озодӣ маҳкум шуда буд.
Соли 2009 барои давом додани иҷрои ҷазо ба муассисаи ислоҳшавии вилояти Тахори Афғонистон гузаронида шуд. Соли 2013 аз муассисаи ислоҳшавӣ озод гардида, барои худ хулосаи дуруст набаровард.
Қарор дод ба Тоҷикистон ояд, то ин ки робитаҳои ҷиноии худро барқарор намояд ва интиқоли маводи нашъаоварро аз кишвари ҳамсоя ба Тоҷикистон, баъдан ба мамлакатҳои Осиёи Марказӣ ва Россия давом диҳад. Аммо аз ҷониби кормандони ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон боздошт гардид.
Аз тарафи Шӯъбаи тафтишотии Агентӣ аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ аз рӯи аломатҳои ҷиноятҳое, ки бо қ. 4 моддаи 200 Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст, оғоз гардидааст.
Айни ҳол чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва амалҳои тафтишотӣ оид ба муайян намудани ҳолати кор ва шахсоне, ки ба ҷиноят мансубият доранд, гузаронида мешаванд.
Кормандони шӯъбаи дар ноҳияи Мурғоб будаи Раёсати Агентӣ дар ВМКБ дар мавзеи Ҷамантол ҳангоми азназаргузаронии машинаи тамғаи «Jieng Fang» ба ронандаи машина - шаҳрванди Ҷумҳурии Халқии Хитой таваҷҷӯҳ намуданд, ки ӯ асабона рафтор менамуд: кӯшиш менамуд зудтар аз ҷои азназаргузаронӣ ҳаракат намояд.
Кормандони оперативӣ қарор доданд, ки автомашинаро бодиққат аз назар гузаронанд ва дар кабинаи он як махфигоҳро ошкор намуданд, ки дар он як бастаи селлофанӣ пинҳон карда шуда буд ва дар дохили он маводи нашъовари ҳашиш печонида шуда буд.
Ронандаи автомашина ба ҷазои интизомӣ кашида шудааст.
Афви тақрибан 900 зиндонӣ. Аллакай, 200 кас аз зиндонҳои Тоҷикистон озод шуданд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 марти соли 2025
Суманак – сӣ малак? Аз ривоятҳо то ҳақиқати суманак
Наврӯз-бузургтарин ҷашни миллӣ муборак бод!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 марти соли 2025
Интернет дар Тоҷикистон арзон мешавад?
Таъкиди раиси ҷумҳур ҳам асар накард? “Маршировка”-и садҳо донишҷӯй дар Хуҷанд барои таҷлили ҷашни Наврӯз
Ду рӯз пеш аз солгарди ҳамла ба “Крокус”. Муҳлати ҳабси гумонбарони асосӣ ду моҳи дигар тамдид шуд
Баҳорро бо пойгоҳҳои нави базавӣ пешвоз мегирем!
Замону макони чорабиниҳо маълум шуд. Имсол ҷашни Наврӯз дар Суғд чӣ гуна таҷлил мешавад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста