Дар марзи давлатии Тоҷикистону Қирғизистон муноқишаи навбатӣ ба вуқӯъ пайваст.
Сокини деҳаи Хоҷаи Аълои шаҳри Исфара Фарҳод Сафаров ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки соати 23-и шаби 15 ба 16-уми феврал дар роҳи мошингарди Исфара – Ворух, назди дарвозаи дастаи сарҳадбонии Капчигайи Қирғизистон, воқеъ дар деҳаи Оқсой чор қирғизи сархуш бидуни сабабе автомашинаи сокини Ворух Муломасъуд Бобоевро, ки аз Исфара ба Ворух мерафтааст, сангборон кардаанд. Дар натиҷа ойинаи қафои автомашинаи «Опел-Зефира» рақами давлатиаш 98-60 СТ 02/РТ пурра шикаста шудааст.
«Кормандони шуъбаи милисаи Врух дарҳол ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, маводи зарурӣ омода кардаанд. Аз қавли Бобоев, ки танҳо автомашина мерондааст, сокинони деҳаи қиргизӣ назди дастаи сарҳадбонон қарор дошта, ҳамроҳашон як низомӣ ҳам будааст, вале барои пешгирии ин амали авобошонаи ҷавонон ҳеҷ чорае наандешидааст», - иброз дошт манбаъ.
Ба гуфтаи ӯ, маълум шудааст, ки он низомӣ М.Маматқулов, муовини командири дастаи марзбонии Капчигай будааст.
Ба қавли кормандони милиса,дар моҳи феврал ин аллакай ҳодисаи сеюмест, ки аз ҷониби шаҳрвандони кишвари ҳамсоя ба сокинони Ворух зарари моддӣ расонида мешавад. Аммо барои муташанниҷ нашудани вазъ, тамоми масоилро бо тартиби корӣ бидуни ҷалби шаҳрвандони мулкӣ ҷиҳати ҳал ба Қирғизистон ҳавола кардаанд.
Дар ҳукумати шаҳри Исфара ҳам ин маълумотро ба ОИ «Азия-Плюс» тасдиқ карданд, вале аз шарҳи ҷузъиёти минбаъдаи он худдорӣ варзиданд.
Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар дастаи Непал бо ҳисоби 4:0
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Хиёнати ҳамсари сӯфӣ”
Боздошти ду корманди Коммисариати ҳарбии Исфара бо гумони гирифтани пора
Дар Тоҷикистон 49 ҳазор нафар расман бекор эътироф шудаанд
Камбуди ашёи хом, барқ ва пул. Панҷ мушкили асосии саноати хӯроквории Тоҷикистон
Парлумони Тоҷикистон қонун дар бораи соҳибкории иҷтимоиро қабул кард
“Ҷойи кор нест, нафақа барои зиндагӣ намерасад!” Имрӯз Рӯзи байналмилалии нобиноён таҷлил мегардад
Аз 1 то 13 сол. Муҳоҷири тоҷик чӣ қадар бояд кор кунад, то дар Душанбе хона харад?
“Рақс бикун ҷоно...” Дар Душанбе фестивали байналмилалии рақс идома дорад
Оғози парвандаи ҷиноятӣ нисбати ҷавони 22-сола барои саркашӣ аз адои хидмати ҳарбӣ
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста