Дар шаҳри Екатеринбурги Русия ду нафар шаҳрванди Тоҷикистон ба гумони даст доштан дар тайёр кардан ва истифодаи пулҳои қалбакӣ боздошт шудаанд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Сарраёсати ВКД Русия дар вилояти Свердловск, Шерзод С.-и 25-сола ва Шероз С.-и 28-сола ба шаҳри Истаравшан дар ҳаҷми беш аз 100 ҳазор рубли русӣ бо пулҳои қалбакии 5-ҳазор рублӣ маблағ интиқол додаанд.
Баъди ин онҳо аз як мағозаи хӯрокворӣ маҳсулот харида, он ҷо ҳама боз бо як пули 5-ҳазор рублӣ ҳисобу китоб кардаанд, аммо фурӯшанда-хазинадори ин мағоза ба аслӣ будани ин пул шубҳа бурда, посбонони мағозаро даъват кардааст ва онҳо дар навбати худ ба мақомоти корҳои дохилӣ муроҷиат кардаанд.
Кормандони пулиси ба ҷойи ҳодиса ҳозиршуда онҳоро ба шуъбаи пулис оварда, аз онҳо дар маҷмӯъ боз 21 адад пули 5 ҳазор рубли қалбакиро мусодира кардаанд. Кормандони пулис маълум кардаанд, ки онҳо дар яке аз иншооти сохтмонӣ кор карда, дар хонаи иҷора иқомат доштаанд.
Мақомоти тафтишоти пулис аз рӯи ин ҳодиса мутобиқи моддаи 186, қ. 1-и КҶ Русия – тайёр кардан, нигоҳдорӣ, интиқол ё фурӯши пулҳои қалбакӣ ё коғазҳои қимматнок парвандаи ҷиноӣ боз намуда, мутобиқи ин модда то 8 соли маҳрумият аз озодӣ пешбинӣ шудааст.
Сафорати Арабистони Саудӣ сабаби ихроҷи Тоҷикистон аз феҳристи кишварҳо барои дарёфти “eVisa”-ро шарҳ дод
"Толибон" бозии шатранҷро дар Афғонистон манъ карданд
Размикори мағлубнашудаи тоҷик бо АСА қарордод баст
Расонаҳо аз ҳалокати 8 коргари афғонистонӣ дар яке аз конҳои ангишти Тоҷикистон хабар медиҳанд
Аввал музокирот ё оташбас? Баҳси нави Русия ва Украина барои анҷоми ҷанг
Наҷоти як зан, ки мехост бо 2 кӯдакаш худкушӣ кунад. Чанд ҳаводису ахбори ҷиноятии рӯзҳои охир
Давраи чоруми музокироти Эрону Амрико ҳам бидуни натиҷаи чашмрас анҷом ёфт
Медали биринҷии қаиқронони Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар Чин
Эмомалӣ Раҳмон Попи нави Рум ва садри аъзами Олмонро табрик кард
Шашмақом моли кист? Чаро "Википедия" онро моли яҳудиён медонад ва ҳақиқати таърих чист?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста