Миллиардери маъруфи украинӣ Дмитрий (Дмитро) Фирташ дар Австрия дастгир шудааст. Ӯ аз тарафи Амрико бо иттиҳоми ришвадиҳӣ ва қасди ҷиноӣ таҳти таъқиб қарор дошт.

Бахши тоҷикии сомонаи радиои «Озодӣ» дар ин робита менависад, Дмитрий (Дмитро) Фирташи 48-сола шоми чоршанбе дар пойтахти Австрия, шаҳри Вена дастгир шудааст. Сухангӯи пулиси Вена Марио Ҳейл боздошти нафаре бо номи Дмитро Ф.-ро тасдиқ кард, вале гуфт, пулис барои ифшои исми хонаводагии ӯ ҳанӯз иҷозат надорад.

Дар ҳамин ҳол, сухангӯи вазорати хориҷаи Украина гуфт, сафорати ин кишвар дар Австрия тасдиқ кардааст, ки боздоштшуда Фирташ аст.

Дмитрий Фирташ, молики "Group of DF" ва "РосУкрЭнерго" , як бозигари асосӣ дар муомилоти харидуфурӯши газ байни Русияву Украина, аз соли 2006 аз сӯи Дафтвари федеролии тафтишоти Амрико таъқиб мешуд. Ин ниҳод то ҳол дар бораи боздошти Фирташ шарҳе надодааст.

Ин ҳам рӯшан нест, ки оё боздошти ӯ ба бӯҳрони ахири Украина рабте дорад ё на? Дар рӯйхати таҳримоти Иттиҳодияи Аврупо алайҳи мақомоти дахил дар ғорати пулҳои давлати Украина исми Фирташ набуд.

Фирташ, ки сарваташро дар соҳоти мухталифе, чун саноати кимиё, газ, матбуот ва бонкдорӣ ҷамъ овардааст, бо 3,3 миллиард доллар чорумин нафари сарватмандтарини Украина ва як фарди наздик ба Русия маҳсуб мешуд.

Аммо мегӯянд, ки равобити ӯ бо раҳбари барканоршудаи Украина Виктор Янукович аз соли гузашта ба сардӣ гароида буд ва ба гуфтаи раҳбари собиқи Хадамоти амнияти Украина Якименко, Фирташ ба таври ғайриаланӣ эътирозҳои ахир алайҳи Януковичро таъмини молӣ ҳам мекардааст.

Қобили зикр аст, ки ӯ як муддат талош карда буд, то  дар Тоҷикистон низ ҷои по биёбад. Дмитрий Фирташ аз ҷумла корхонаи нуриҳои азотии Вахш - "Тоҷиказот"- дар шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон ва корхонаи дӯзандагии "Гулистон" дар Душанберо хусусӣ гардонда буд. Ӯ бо Зайд Саидов, соҳибкори шинохтаи тоҷик, ки соли гузшта боздошт ва ба 26 соли зиндон маҳкум шуд, равобити наздик дошт ва аз ҷумла корхонаи "Гулистон"-ро ба Саидов дод. Аммо ба сурати умум кори Дмитрий Фирташ дар Тоҷикистон чандон омад накард. "Тоҷиказот" ба далели қатъ шудани воридоти гази Ӯзбакистон аз кор монд.

Манбаъ: Радиои «Озодӣ»