Рӯзи 14-уми март дар шаҳри Вена сессияи 57-уми Комиссия оид ба маводи нашъаовар баргузор гардид, ки дар кори он Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Австрия И. Насрединов ва Директори Агентии маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Р. Назаров иштирок намуданд.
Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, дар суханронии худ Р.Назаров қайд намуданд, ки Тоҷикистон ташаббусҳои асоснокро нисбати муқовимат ба муомилоти маводи нашъаовар қатъиян дастгирӣ менамояд.
Сипас Директори Агентӣ диққати ҳозиринро ба ин нуқта равон намуданд, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Стратегияи Миллӣ оид ба мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” тасдиқ гардид. Инчунин диққати махсус ба масъалаи пешгирии қочоқи маводи нашъаовар ва мустаҳкам намудани сарҳади давлатии Тоҷикистону Афғонистон дода шуд.
Директори Агентӣ қайд намуданд, ки дар чорчӯбаи Барномаи давлатӣ оид ба рушди Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2005-2014 дар якҷоягӣ бо шарикони дигар чораҳои зарурӣ оид ба мустаҳкам намудани иқтидори Қӯшунҳои сарҳадӣ андешида шудаанд. Сохтмони зиёда аз 40 отрядҳо ва дидбонгоҳҳои нав ба итмом расида, сохтмони асосии зиёда аз 90 иншооти инфрасохтори сарҳадӣ ба анҷом расонида шуд. Инчунин масъалаҳои истеҳсоли маводи нашъаовар дар Афғонистон муҳокима гардиданд.
Қайд гардид, ки барои ҳалли ин масъала маҷмӯи чораҳо зарур аст, ки ба он амалҳои ҳамоҳанги кишварҳои манфиатдор ва ташкилоти бонуфузи баналмиллалӣ бояд дохил шаванд. Диққати асосӣ ба мустаҳкам намудан ва рушди ҳамкории байналмиллалӣ бо Иттиҳоди Аврупо, Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷиноят, Хадамоти Федеролии Россия оид ба назорати маводи нашъаовар, Мудирияти ШМА оид ба мубориза бар зидди маводи нашъаовар равон карда шуд Р. Назаров қайд намуданд, ки соли 2013 Тоҷикистон ба Комиссияи байналмилалӣ оид ба маводи нашъаовар қабул гардид, ки ин худ арзёбии баланди кӯшишҳои Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар аз тарафи созмонҳои байналмиллалӣ мебошад.
Дар хотима Р. Назаров сипоси худро ба кишварҳои маблағгузор ва ташкилотҳои байналмиллалӣ дар ҳалли масъалаҳои вобаста ба назорат аз болои муомилоти маводи нашъаовар арз намуданд.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 майи соли 2025
“Фарёдҳо, афсӯсҳо аз марги созу сӯзҳо!”. Дарди миллӣ, бонги бедорӣ ва мавқеъгирии Лоиқ Шералӣ дар ҷанги шаҳрвандӣ
Боз як қоидаи нав барои сафар ба Русия. Сабтиноми ҳатмӣ дар замимаи “Госуслуги RuID”
“Имдодхоҳии кӯдаконро шунида, худро ба хонаи оташгирифта задам”. Саидвалӣ Шарифов - муҳоҷири тоҷике, ки се кӯдаки русро аз сӯхтор наҷот дод, кист?
Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ дар адабиёти сурхи коммунистӣ
Фалсафаи маргу зиндагӣ ва дифои миллату забон. Ёде аз Лоиқ Шералӣ
Дар як бинои Вазорати мудофиа сӯхтор сар задааст
Музокироти бидуни таъхир ва ёддошти тафоҳум миёни Украина ва Русия. Суҳбати телефонии Трамп ва Путин бо чӣ анҷомид?
Global Report 2025: Тоҷикистон дар минтақаи хавфи озуқаворӣ қарор гирифт
Аз Театри ҷавонон то Мозандарони Эрон. Бардошти ҳунармандони тоҷик аз нақшофарӣ дар филми “Пойтахт”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста