Рӯзҳои 1-3-юми апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Қайроққуми вилояти Суғд ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) доир мегардад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, ҳайати давлатҳои Русия, Чин, Қазоқистон ва Қирғизистонро дар ин ҷаласа мутаносибан вазирони мудофиаи ин кишварҳо – Сергей Шойгу, Чан Вансюан, Адилбек Ҷаксибеков ва Талайбек Омуралиев ва танҳо ҳайати Ӯзбекистонро муовини аввали вазири мудофиаи ин кишвар, сардори Ситоди муттаҳидаи Қувваҳои Мусаллаҳи Ӯзбекистон Баҳодур Тошматов намояндагӣ хоҳанд кард.

Ба гуфтаи манбаъ, дар ҷаласа таҳти раёсати вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Мирзо баррасии масоили марбут ба ҳамкориҳои вазоратҳои мудофиаи кишварҳо дар бахши кумакҳои низомиву техникӣ ва баргузории тамринҳои низомии зиддитеррористии муштарак соли 2014 дар Чин дар назар аст.