Шоми рӯзи 29-уми март вазири мудофиаи Чин Чан Вансюан бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад.
Котиби матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ Фаридун Маҳмадалиев ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар ҷараёни сафари вазири мудофиаи Чин ба Тоҷикистон дидору гуфтушуниди ӯ бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва вазири мудофиаи ҶТ Шералӣ Мирзо дар назар аст.
«Дар ин вохӯриҳо масъалаҳои таъмини амнияти минтақа, рушди ҳамкориҳои ҷонибҳо дар самти низомиву техникӣ, баргузории чорабиниҳои муштарак ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ хоҳанд шуд», - иброз дошт Маҳмадалиев.
Ба қавли ӯ, Чан Вантсюан ҳамчунин бо ҷараёни анҷоми сохтмони Хонаи афсарон, ки бо маблағгузории Чин бунёд мегардад, низ шинос хоҳад шуд.
Маҳмадалиев хотирррасон намуд, ки сохтмони Хонаи афсарон соли 2012 оғоз гардида, барои бунёди он Чин ба сифати бурс ҳудуди 12 млн. доллари ИМА маблағ ҷудо кард.
«Пас аз анҷоми қисмати расмии сафар ба Душанбе вазири мудофиаи Чин рӯзҳои 1-3-юми апрел дар ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай, ки дар шаҳри Қайроққуми вилояти Суғд доир мегардад, иштирок мекунад», - афзуд номбурда.
Муҳлати боздошти 4 гумонбари ҳамла ба “Крокус” бори шашум дароз карда шуд
“Тоҷикистон куштори бераҳмона дар Ғаззаро маҳкум мекунад”. Вазири корҳои хориҷӣ аз вазъи Фаластин ва Афғонистон нигаронӣ кард
Таносуби қарзи давлатӣ нисбат ба ММД. Қарзи кадом давлатҳо бештар аст?
Сабақҳои зилзила. Тоҷикистон ва дигар давлатҳо баъди заминларзаҳо чӣ иқдом рӯйи даст гирифтанд?
Маҳдудияти ҳаракат барои нақлиёти гаронвазн дар роҳҳо. Чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад ва дар кадом роҳҳо?
Рӯзҳои фарҳанги Озарбойҷон дар Тоҷикистон. Кай ва дар куҷо чӣ чорабинӣ доир мегардад?
Муҳоҷире, ки дар Русия се кӯдакро аз сӯхтор наҷот дод тоҷик будааст
Аз талаботи Тоҷикистон то муқаррароти Арабистони Саудӣ. Чӣ гуна метавон дуруст ва бехатар ба ҳаҷ рафт?
“Равобити Эрон ва Тоҷикистон дар сатҳи олӣ аст”. Пизишкиён бори дигар ба тавсеаи ҳамкориҳо миёни ду кишвар таъкид кард
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Хуни ноҳақ”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста