Сарбози латукӯбшуда Шаҳбол Мирзоев, ки дар Маркази миллии тиббӣ (Қарияи Боло) бистарӣ аст, шояд баъди як ҳафта аз беморхона ҷавоб дода шавад. Табибон тасдиқ мекунанд, ки давраи муолиҷаи Шаҳбол ба итмом расида, барои минбаъд дар беморхона нигоҳ доштани сарбоз имконият нест ва волидайни сарбоз бояд ӯро бо гардани шикаста ба хонаашон баранд.

Падари сарбози ҷабрдида Нуъмон Мирзоев ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки табибони марказ ба ӯ гуфтаанд, ки метавонад фарзандашро ба хона барад. «Вале ман намедонам, ки минбаъд ӯро ба кадом беморхона барам. Баъди се ҳафта низ вазъи писарам тағйир наёфтааст. Ҷарроҳии зарурӣ анҷом дода нашуд, чунки ин гуна ҷарроҳӣ дар кишвари мо гузаронида намешавад. Барои ҷарроҳӣ дар Олмон, Русия ё Эрон ман маблағ надорам», - мегӯяд ӯ.

Нуъмон Мирзоев зикр кард, ки табибони эронӣ вазнинии ҷароҳатро тасдиқ намуда, арзиши ин гуна ҷарроҳиро беш аз 64 ҳазору 400 евро гуфтаанд. «Ман ин қадар маблағ надорам ва барои рӯйпӯш кардани баъзе хароҷот  барои муолиҷаи писарам маҷбурам, ки манзили якҳуҷрагиам дар Аштро фурӯшам», - иброз дошт падари сарбоз.

Ахири ҳафтаи гузашта фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, муовини аввали раиси КДАМ ҶТ генерал-лейтенант Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ба аёдати сарбози марзбони дар Маркази миллии тиббӣ бистаришуда Шаҳбол Мирзоев рафта буд.