Дар Сарпрокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои ҳарбӣ доир ба иҷрои талаботи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ», Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки мӯҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» доир карда шуд. Дар ҷамъомади мазкур мақомоти масъул оид ба даъватӣ иштирок доштанд.
Бино ба маълумоти маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ, дар ҷаласа аз ҷониби масъулини Сарпрокуратураи ҳарбӣ қайд карда шуд, ки мақомоти ваколатдори давлатӣ санадҳои зикршударо асосан дар сатҳи дахлдор иҷро намуда, баҳри пешгирӣ ва минбаъд роҳ надодан ба қонунвайронкуниҳо тадбирҳои зарурӣ андешидаанд. Пас аз таъкидҳои масъулини дахлдор диққати ҳозирин ба он ҷалб карда шуд, ки аз 1-уми апрели соли ҷорӣ чорабинии муҳими давлатӣ-даъвати навбатии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ оғоз меёбад. Аз ин рӯ, дар назди комиссияҳои даъватӣ, вазорату идораҳои ҳарбӣ, махсусан, духтур-мутахассисон дар доираи меъёрҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани ин маърака, пуррагардонии сафҳои Артиши миллӣ бо ҷавонони бардаму солим масъалагузорӣ карда шуд.
Ҳамчунин аз комиссияҳои даъватӣ, комиссариатҳои ҳарбӣ ва масъулини дигар талаб карда шуд, ки бо ҷалби бештари мақомоти манфиатдор ва дигар сохторҳо талаботи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар сатҳи зарурӣ иҷро намуда, омилҳои ба қонунвайронкуниҳои корупсионӣ мусоидаткунандаро пешгирӣ намоянд.



Сафири Эрон: “Амрикову Исроил мехостанд давоми 48 соат Ҷумҳурии Исломиро сарнагун кунанд, аммо Эрон ин нақшаро вайрон кард”
“Фаластини озод” ва “Таблиғи ҷанг дар мактабҳои Русия”. Кадом филмҳо ҷоизаи "Оскар-2026" гирифтанд ва чӣ паём доштанд?
Талоши Трамп барои “бозкушоии тангаи Ҳурмуз” ва идомаи ҳамлаи тарафҳо. Ду рӯзи гузашта дар Ховари Миёна чӣ гузашт?
Набард ва пирӯзии Адолат. Чӣ тавр зани тоҷик девори қолаб шикаст ва ширкати худро сохт?
Сардори Раёсати тандурустии Суғд, ки ба ришвагирӣ гумонбар буд, бо пардохти ҷарима аз ҳабс озод шудааст
Як бунёди аврупоӣ ба ширкати “Шоҳин Эйрлайнз” беш аз $200 млн сармоягузорӣ мекунад
Ҳушдори мақомот ба роҳбарони бозорҳои пойтахт барои қимат фурӯхтани маҳсулот дар иди Рамазон
Тоҷикистонро дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои Осиё 13 варзишгар намояндагӣ мекунанд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 47
Расонаҳо: Куштори як шаҳрванди Тоҷикистон дар Қундузи Афғонистон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста