Ахири ҳафтаи гузашта вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал-лейтенант Шералӣ Мирзо бо вазири мудофиаи Чин генерал-полковник Чан Вансюан, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард, гуфтушунид анҷом дод.
Тавре ба «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ Фаридун Маҳмадалиев хабар дод, дар мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои ҳарбӣ, низомиву техникӣ, омодакунии кадрҳои афсарӣ барои артиши Тоҷикистон ва ҳамчунин таъмини амният дар минтақа баррасӣ шуданд.
«Ҷониби Чин нақши Тоҷикистон дар таъмини амният дар минтақа ва ҳамчунин дар бахши мубориза бо терроризмро шоиста арзёбӣ намуда, ҷониби Тоҷикистон изҳор дошт, ки дар тамринҳои низомии муштараки тобистони соли равон дар Чин ҳатман ширкат хоҳад варзид», - иброз дошт манбаъ.
Чан Вансюан ва Шералӣ Мирзо ҳамчунин бо ҷараёни анҷоми сохтмони Хонаи афсарон дар шаҳри Душанбе, ки бо воситаҳои молиявии Чин бунёд мегардад, аз наздик ошно гардиданд.
Маҳмадалиев хотиррасон намуд, ки сохтмони Хонаи афсарон соли 2012 оғоз гардида, барои бунёди он Чин ба сифати бурс ҳудуди 12 млн. доллари ИМА маблағ ҷудо кард.
Нимаи дуюми имрӯз вазири мудофиаи Чинро президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур мепазирад.
Ҳукумат барои идомаи сохтмони “Роғун” 200 млн сомонии иловагӣ равона мекунад
Боздошти корманди “Русский дом” дар Қирғизистон бо иттиҳоми ҷалби зархаридон ба ҷанг
“Расид наёрӣ, шаҳодатномаи хатм намедиҳам”. Шикоят аз ҳуҷҷатсупории иҷборӣ ба Маркази миллии тестӣ
Сардори нави Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД кист?
Комроншоҳ Устопирён дубора ба майдон бармегардад. Тоҷикистонро дар мусобиқаи байналмилалии куштӣ киҳо намояндагӣ мекунанд?
Рухшона Ҳакимоваро аз “СИЗО” ба маҳбаси занонаи Норак интиқол додаанд
Барои “ислоҳу тарбия”-и маҳбусони бо терроризм маҳкумшуда беш аз 38,5 млн сомонӣ ҷудо мекунанд
Қурби доллар нисбати сомонӣ то сатҳи панҷ моҳ пеш поин рафт
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Дардҳои гиреҳхӯрда” қисми 3
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 апрели соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста