Дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай, ки имрӯз дар шаҳри Қайроққум ба кор оғоз мекунад , мулоқоти вазири мудофиаи Тоҷикистону Русия Шералӣ Мирзо ва Сергей Шойгу баргузор мешавад. Вазири мудофиаи Русия Сергей Шойгу шоми дирӯз ба Душанбе омад.
Котиби матбуотии Вазорати мудофиаи ҶТ Фаридун Маҳмадалиев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар ҷараёни мулоқоти вазирони мудофиаи Тоҷикистону Русия ҷараёни амалисозии асноди қаблан баимзорасида миёни ҷонибҳо оид ба ҳамкорӣ дар бахшҳои низомӣ ва низомиву техникӣ, масъалҳои омодасозии кадрҳои низомӣ барои Тоҷикистон дар макотиби олии низомии Русия, табодули маълумот, тамринҳои зиддитеррористии СҲШ ва дигар масоили низомии мавриди таваҷчуҳи тарафайн баррасӣ мешаванд.
Субҳи рӯзи душанбеи ҳамин ҳафта ҳайати низомии Чин ба Душанбе ташриф овард. Дар мулоқоти вазирони мудофиаи Тоҷикистону Чин Шералӣ Мирзо ва Чан Вансюан масъалаҳои таъмини амният баррасӣ шуданд. «Ҷониби Чин нақши Тоҷикистон дар таъмини амният дар минтақа ва ҳамчунин дар бахши мубориза бо терроризмро шоиста арзёбӣ намуда, ҷониби Тоҷикистон изҳор дошт, ки дар тамринҳои низомии муштараки тобистони соли равон дар Чин ҳатман ширкат хоҳад варзид», - иттилоъ дода буд котиби матбуотии Вазорати мудофиаи ҶТ.
Чан Вансюан ва Шералӣ Мирзо ҳамчунин бо ҷараёни анҷоми сохтмони Хонаи афсарон дар шаҳри Душанбе, ки бо воситаҳои молиявии Чин бунёд мегардад, аз наздик ошно гардиданд. Сохтмони Хонаи афсарон соли 2012 оғоз гардида, барои бунёди он Чин ба сифати бурс ҳудуди 12 млн. доллари ИМА маблағ ҷудо кард.
Сипас вазири мудофиаи Чинро Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур пазируфт . Эмомалӣ Раҳмон давлати Чинро «ҳамсояи накӯ, дӯсти содиқ ва шарики боэътимоди Тоҷикистон» номида, аз таҳким ва густариши ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба бо он, аз ҷумла дар самти мубориза бо хатарҳои ҷаҳони муосир мисли терроризму экстремизм истиқбол намуд.
Чан Вансюан ба раёсати Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай баҳои баланд дода, изҳори боварӣ намуд, ки соли равон барои рушди ҳамкории бисёрпаҳлу дар доираи ин созмон пурсамар хоҳад буд.
Футзалбозонеро, ки аз ҳунарнамоӣ дар тими мунтахаб даст мекашанд, чӣ интизор аст?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Дардҳои гиреҳхӯрда” қисми 7
То ки ҳама фурсат ёбанд. Муҳлати қонунигардонии будубоши муҳоҷирон дар Русия тамдид шуд
Як шабонарӯз интиқоли оби нӯшокӣ дар баъзе кӯчаву маҳаллаҳои Душанбе қатъ мешавад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 апрели соли 2025
Оғози мавсими саёҳати дохилӣ. Рӯзноманигорону блогерон ба кашфи ганҷинаҳои Тоҷикистон рафтанд
Ҳаҷвнигоре, ки ханда дар лаб даргузашт. Ёдномаи Қиёмиддин Чақалов, ки имрӯз 80-сола шуд
Путин оташбаси серӯза эълон кард. Ин дафъа ба муносибати Рӯзи Ғалаба
Баъди мулоқоти Тошиев бо сафири Русия, муттаҳамони парвандаи "ҷалби зархаридон” аз боздоштгоҳ раҳо шудаанд
Барои истифодаи нодурусти барқу гармӣ ҳам ҷарима пешбинӣ шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста