Гурӯҳи табибон аз Эрон барои гузаронидани ҷарроҳии сутунмуҳраи сарбози 23-сола Шаҳбол Мирзоев, ки рӯзи 6-уми марти соли ҷорӣ бар асари лату кӯб аз ҷониби фелдшери қисми ҳарбии 2026 воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ ҷароҳат бардошта буд, ба Тоҷикистон наомаданд.

Сабаби ба Тоҷикистон наомадани онҳо ба суратҳисоби дармонгоҳи Сино интиқол нагардидани беш аз 56 ҳазор сомонӣ маблағи зарурӣ барои хароҷоти ҷарроҳии сарбоз аз ҷониби қисми низомии 2026 унвон мешавад.

Падари сарбози ҷабрдида Нуъмон Мирзоев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки табибони эронӣ бояд ҳамин ҳафта меомаданд, вале қисми ҳарбӣ маблағи пулиро нагузаронид. «Мутассифона, ман ҳам ин миқдор маблағ надорам», - мегӯяд Мирзоев.

Ба гуфтаи ӯ, имрӯз натиҷаҳои ташхиси томография ба яке аз дармонгоҳҳои Маскав фиристода мешаванд, ки ба муваффақ гузаштани ҷарроҳӣ кафолат дода буд.

Дар ҳамин ҳол, Нарзулло Расулов, муовини сардори ситоди госпитали марказии нерӯҳои мразбонии ҶТ мутмаин аст, ки Шаҳбол Мирзоев ба ҷарроҳӣ ниёз надорад ва мутаносибан ба интиқоли маблағи пулӣ низ ҳеҷ зарурате нест.

«Шаҳбол Мирзоев ба ҷарроҳӣ ниёз надорад. Сарбозро 12 нафар профессорон муоина мекунанд ва ба гуфтаи онҳо, осебҳои сутунмуҳра дар қисмати гардан аллакай шифо ёфта истодаанд. Дар саросари дунё ин гуна беморон ҷарроҳӣ намешаванд. Рӯзҳои наздик мо бо гурӯҳи табибон аз Эрон машварат баргузор намуда, ба хулосаи ягона мерасем», - иброз дошт Расулов.

Ёдрас мекунем, ки аввали моҳи март сарбоз ва ҳамзамон фелдшери гарнизони ҳарбии 2026-и ноҳияи Рӯдакӣ Усмон Ғайратов сарбоз Шаҳбол Мирзоеви 23-соларо лату кӯб карда, гардани ӯро шикаст. Прокуратураи ҳарбӣ нисбати Усмон Ғайратов мутобиқи моддаи 373 КҶ ҶТ (Вайрон  кардани қоидаҳои оинномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни  ҳарбӣ  дар  ҳолати   набудани тобеияти хизматӣ дар байни онҳо) парвандаи ҷиноӣ боз намуд.

Ҳамчунин қаблан гурӯҳи ҳомии ҳуқуқи «Ампаро» ба пешниҳоди адвокат барои сарбози ҷабрдида Шаҳбол Мирзоев омодагӣ изҳор намуд. Раванди баррасии қазияи мазкур таҳти назорати Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Тоҷикистон Зариф Ализода қарор дода шудааст.

Даҳаи сеюми моҳи март фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, муовини аввали раиси КДАМ ҶТ генерал-лейтенант Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ба аёдати сарбози марзбони дар Маркази миллии тиббӣ бистаришуда Шаҳбол Мирзоев рафта буд.

Ахири моҳи март иттилоъ дода шуд, ки сарбози латукӯбшуда Шаҳбол Мирзоев, ки дар Маркази миллии тиббӣ (Қарияи Боло) бистарӣ аст, шояд баъди як ҳафта аз беморхона ҷавоб дода шавад .