Рӯзи сешанбеи ҳамин ҳафта нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода директори Хадамоти федеролии назорати маводи нашъаовари и Русия Виктор Иванов, ки барои ҷамъбасти натиҷаҳои амалиёти махсуси СААД «Канал-Южный Капкан» ба Душанбе ташриф оварда буд, ба ҳузур пазируфт.
Тавре сармушовири хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон Субҳиддин Муҳиддинов хабар дод, дар вохӯрӣ масъалаҳои тақвияти ҳамкории байнидавлатӣ дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккилона баррасӣ шуданд.
Ба иттилои манбаъ, зимни мулоқот таъкид гардид, ки солҳои охир Тоҷикистон дар самти пешгирии нашъамандӣ ва ошкор кардани ҳодисаҳои муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, ҳамкориҳои мутақобилаи кишвар бо сохторҳои дахлдори Русия дар сатҳи қаонатбахш роҳандозӣ шудаанд.
Зимнан зикр гардид, ки ҷонибҳо ҳамчунин ҷараёни амалисозии Созишномаи баимзорасида байни Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ ва Хадамоти федеролии назорати маводи нашъаовари Русия оид ба расонидани кумак дар соҳаи пешгирии муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳоро низ баррасӣ карданд.
Вақте дандон дард мекунад, ба куҷо метавон муроҷиат кард?
Чӣ гуна метавон фаҳмид, ки бонк мушкил дорад ва боэътимод нест?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 апрели соли 2025
Таркиш дар як бандари Эрон. Расонаҳо аз 4 кушта ва беш аз 500 захмӣ хабар медиҳанд
Русия бори аввал эътироф кард, ки дар Курск низомиёни Куриёи Шимолӣ меҷанганд
Медали нуқраи Сомон Маҳмадбеков ва биринҷии Абубакр Шеров. Натиҷаи рӯзи дуюми мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои Осиё
Қаҳрамонии як тоҷик дар Маскав. Ӯ сӯхтори мошинро хомӯш кардааст
Дар Душанбе ва Хатлон сохтмонҳои "худсарона сохта"-ро тахриб мекунанд. Қонунгузорӣ дар ин бора чӣ мегӯяд?
Қоҳир Расулзода дар Маскав бо Михаил Мишустин ҳамкории тиҷоратии Тоҷикистону Русияро баррасӣ кард
Филми “Сарчашма” аз Тоҷикистон дар Қирғизистон соҳиби ҷоизаи “Таваҷҷуҳи тамошобин” шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста