Маҳмадулло Холови аввали соли равон барои таҷовуз ба номуси духтарони ӯгаяш гумонбаршуда дар тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и шаҳри Хуҷанд аз олам даргузашт.
Бино ба иттилои Олимҷон Сайдалиев, сардори тавқифгоҳи муваққатии Хуҷанд, Маҳмадулло Холов ҳанӯз 9-уми май фавтида, сабаби марги ӯро коршиносони ташхиси судӣ-тиббӣ сактаи дил (инфаркт) унвон кардаанд. «Ахиран ӯ бисёр гиря карда, аз шарманда шуданаш назди мардум барои кирдори содиркардааш таассуф мехӯрд. Ӯ аз кардааш пушаймон буд. Ман бори нахуст шоҳиди онам, ки шахс аз таассуфу андӯҳ ҳалок шуда метавонистааст», - гуфт ӯ.
Ёдрас мекунем, ки рӯзҳои 7-8-уми феврали соли ҷорӣ тариқи шабакаҳои давлатии телевизиони ҷумҳурӣ сюжети таҳияшудаи КДАМ ҶТ намоиш дода шуд, ки дар он дар бораи аз ҷониби табиби мардумӣ Холов М.И. аз вилояти Суғд содир шудани таҷовуз ба номуси духтарони ӯгаяш сухан мерафт. Боздоштшуда ба гуноҳаш иқрор шуда, чӣ гуна содир кардани ин кирдори нафратоварашро ҳикоят кард.
Ҳамчунин дар сюжет зикр карда шуда буд, ки боздоштшуда узви Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аст. Баъдан ҲНИТ дар ин робита як изҳороте пахш намуда, маълумот дод, ки Маҳмадулло Холов ҳеҷ гоҳ дар сафи ин ҳизб шомил набуда, ин амал идомаи «маъракаи зиддинаҳзатӣ»-и бофташуда аз ҷониби сохторҳои қудратӣ аст.
Wildberries ба фурӯши маҳсулот дар Тоҷикистон оғоз кард
Аз осорхонаи Айнӣ то бозори “Меҳргон”. 10 макони дидании шаҳри Душанбе
КҲФ аз боришоти борони пуршиддат ва хатари омадани сел ҳушдор медиҳад
Чароғҳои кӯчаву хиёбонҳои Душанберо кай фурӯзон мекунанд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2025
Беш аз 22 млн сомонӣ. Ҳизбҳои ба парлумон роҳёфта аз буҷаи давлат чанд сомонӣ мегиранд?
Соҳибтаҷрибае бо донишҳои муосир мусаллаҳ. Рӯзноманигори шинохта Илҳом Ҷамолиён 65-сола шуд
Дар семоҳаи аввали сол ҳаҷми содироти молу маҳсулот аз Тоҷикистон кам шуд
“Охирин монеа бартараф шуд”. Толибон аз қарори хориҷи номи ин гурӯҳ аз рӯйхати созмонҳои мамнӯи Русия истиқбол карданд
Дар Тоҷикистон 17 собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста