Як гурӯҳ аз вакилони палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ лоиҳаи тағйироту илова ба Қонуни ҶТ ««Дар бораи маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо, пикетгузориҳо ва роҳпаймоиҳо»-ро таҳия намуданд.

Муовини раиси Кумитаи МНМО ҶТ оид ба мудофиа, тартиботи ҳуқуқӣ ва амният Саттор Холов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки иштироки шаҳрвандон дар гирдиҳамойиву раҳпаймоиҳо дар мавриди изҳори талаб ё дастгирии касеву чизе бо ниқоб ғайримантиқӣ аст.

«Сарқонун ба шаҳрвандон барои ошкору кушода баргузор кардани гирдиҳамойиву раҳпаймоӣ ҳуқуқ медиҳад ва аз ин рӯ, шаҳрвандонро зарур нест, ки симояшонро пинҳон кунанд. Дар тағйирот пешбинӣ мегардад, ки минбаъд барои иштирок дар гирдиҳамойӣ ва раҳпаймоӣ бо ниқоб шаҳрвандон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд», - гуфт ӯ.

Вакил шарҳ дод, ки мутобиқи тағийроту иловаи дигар ба қонуни мазкур, шахсоне, ки ба намоишу раҳпаймоӣ ба истилоҳ «коктейлҳои Молотов» (омехтаи сӯзанда аз маводи зудоташгиранда)-ро ҳамроҳ бо худ мегиранду, агар онро истифода набаранд ҳам, ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб мегарданд.

«Мувофиқи тағйирот, шахсони ғайриқонунӣ истифодабарандаи «коктейлҳои Молотов» дар макони маҷлисҳову гирдиҳамоиҳои шаҳрвандон ва ҷойи издиҳоми мардум, ба шахсоне баробар карда мешаванд, ки ғайриқонунӣ аз силоҳи оташфишон истифода мекунанд», - таъкид дошт вакил.

Зимнан зикр гардид, ки лоиҳаи тағйироту илова ба қонуни зикршуда айни замон дар вазорату идораҳои дахлдори ҳукумат мавриди омӯзиш қарор дорад ва эҳтимол меравад, ки он тирамоҳи соли равон дар парлумон баррасӣ хоҳад шуд.