Дар чаҳорчӯби таҳияи Барномаи Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ “Барномаи минтақавии дастгирии кӯшишҳо дар мубориза бар зидди маводи нашъаовар дар Афғонистон ва кишварҳои ҳамсоя барои солҳои 2011-2014” 29 майи соли 2014 дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ вохӯрии чоруми сеҷонибаи шахсони мансабдори калони сохторҳои зиддимухаддиротии Ташаббуси АҚТ (Афғонистон, Қирғизистон, Тоҷикистон) баргузор гардид, ки дар кори он инчунин намояндагони Раёсати СММоид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ иштирок намуданд.
Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, дар ифтитохи вохӯри муовини Директори Агентӣ Ҳалим Маҳмудов қайд намуд: “Бо мақсади муттаҳид намудани кӯшишҳо дар самти мубориза бар зидди маводи нашъаовар ва баланд бардоштани самаранокии он Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи худро бо кишварҳо ва созмонҳои манфиатдор рушд ва тақвият медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, мақсади асосии вохӯрӣ аз омода намудани маводҳо иборат мебошад, ки ба баланд бардоштани ҳамкории самаранок дар соҳаи мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва идоракунии сарҳадӣ байни Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда шудаанд.
Гуфта мешавад, маҷмӯи ҳуҷҷатҳо барои дида баромадан дар рафти вохӯрии вазирон/роҳбарони сохторҳои зиддимухаддиротии Тоҷикистон, Афғонистон ва Қирғизистон пешниҳод карда мешавад, ки он 30 майи соли 2014 дар Душанбе баргузор мегардад. Дар анҷоми вохӯрӣ Протоколи якҷоя ба имзо мерасад.




Идомаи ҳамлаҳои шадид ба Теҳрону Тел-Авив ва изҳороти ду тараф дар бораи поёни ҷанг. Шабонарӯзи гузашта дар Ховари Миёна чӣ гузашт?
Дар 31 муассисаи Тоҷикистон хонандагон дар се баст таҳсил мекардаанд
Чин дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон 9 иншооти сарҳадӣ месозад
Сарфи назар аз афзоиши содирот, касри тавозуни савдои Тоҷикистон зиёд шудааст
“Намоде аз вафодорӣ ба пешаи интихобкардааш”. Тоҷинисо Саидоваро дар оромгоҳи Лучоб ба хок супориданд
Сафири Эрон дар Душанбе: “То охир мубориза мебарем ва таслим нахоҳем шуд”
Дар Тоҷикистон ду рӯз ҳаво сард шуда, борону барф пешбинӣ мешавад
Кумитаи рушди сайёҳӣ мегӯяд, дар намоишгоҳи "ITB Berlin 2026" зиёда аз 20 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расидааст
“Сомон Эйр” парвозҳояшро дар хатсайри Душанбе-Дубай-Душанбе барқарор мекунад
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 42
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста