Рӯзи 31-уми май дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ботантанаи савгандёдкунӣ баргузор гардид, ки дар он Директори Агентӣ генерал-лейтенанти милитсия Рустам Назаров, муовинони Директор, сардорони раёсатҳо ва шуъбаҳои мустақил иштирок намуданд. Кормандони ҷавон, ки барои хизмат ба Агентӣ қабул шуда буданд, барои садоқат ба Ватан, Президент ва Сарқонун савганд ёд намуданд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Агентӣ, баъди анҷоми маросими савгандёдкунӣ афсарон дар назди роҳбарияти Агентӣ бо қадами сафӣ гузаштанд.

Ба иттилои манбаъ, сипас дар толори Агентӣ маҷлиси ботантана баргузор гардид, ки дар он меҳмонон: намояндаи Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҷаноби Жан Люк Лемахю, муовини вазири корҳои дохилии Афғонистон Бозмуҳаммад Аҳмадӣ, муовини Раиси Хадамоти Давлатии назорати маводи нашъаовари Қирғизистон Анарбаев Ғ., и.в. Намояндаи минтақавии Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон ҷаноби Алӣ Сарияздӣ, Роҳбари шӯъбаи назорати маводи нашъаовар ва ҳифзи тартиботи Сафорати ШМА дар Тоҷикистон ҷаноби Марк Вуд, намояндани расмии Хадамоти Федералии Федератсияи Россия оид ба назорати муомилоти маводи нашъаовар дар ҶТ Килясханов М.Х. иштирок намуданд.

Гуфта мешавад, ба ҳозирин табрикоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайати шахсии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 15-солагии таъсисёбӣ қироат карда шуд.

Зимнан зикр мегардад, ки инчунин меҳмонон роҳбарият ва кормандони Агентиро табрик намуда, дар кору фаъолият бурдбориҳо таманно намуданд. Пас ба кормандони фаъоли Агентӣ рутбаҳои махсуси навбатӣ, ифтихорномаҳо, медалҳо ва тӯҳфаҳои қиматбаҳо супорида шуданд.