Рӯзи 2-юми июни соли равон дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ вохӯрии Директори Агентӣ бо ҳайати баҳодиҳии Барномаи минтақавии Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҷиҳати дастгирии кӯшишҳо оид ба мубориза бар зидди маводи нашъаовар дар Афғонистон ва кишварҳои ҳамсоя баргузор гардид.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Агентӣ, директори Агентӣ бо меҳмонон рафти таҳияи Барномаи минтақавиро муҳокима намуда, ишора кард, ки ҳангоми банақшагирии Барнома ба паҳлӯҳои мусбӣ ва манфии он бояд диққат дод. Ӯ инчунин зарурияти омӯзиш ва аз нав омода намудани мутахассисони соҳаи назорати маводи нашъаовар,нашр намудани шиору овезаҳои зиддимухаддиротӣ, омода намудани роликҳои иҷтимоӣ, омӯзонидани ҳайати маркази наркологӣ бо усулҳои нави муолиҷа таъкид намуд.

Роҳбари Агентӣ қайд намуд, ки солҳои охир ҳамкории байни Агентии назорати маводи нашъаовар ва дафтари Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ рушд ёфт.

Инчунин қайд гардид, ки ҳамкориро байни давлатҳои Осиёи Марказӣ дар соҳаи пешгирии интиқоли маводи нашъаовар ба сатҳи баландтар бардоштан зарур аст.