Чордаҳ афсари хадамоти гумрукӣ дар курси омўзишӣ доир ба мавзўи “Услубҳои муайянкуниии автомобилҳои дуздидашуда” иштирок карданд. Курси мазкур дар чорчӯбаи Барномаи Иттиҳоди Аврупо оид ба мусоидат ба идораи сарҳадот дар Осиёи Марказӣ (БОМКА), ки аз ҷониби Барномаи рушди СММ амалӣ мегардад, ташкил шудааст.
Тавре аз намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон хабар доданд, ду омўзгори австриягӣ аз Маркази байналмиллалии оид ба рушди сиёсати муҳоҷиратӣ (МБРСМ) ба иштироккунандагони курси омўзишӣ иттилооти асосиро дар бораи навъҳои гуногуни дуздидани автомобил ва воситаҳои муайянкунии автомобилҳо тақдим намуданд. Дар рафти курси омўзишӣ иштироккунандагон бо услубҳои муайянсозии рақами идентификатсионии (VIN-коди) автомобилҳо ва роҳҳои ошкорсозии автомобилҳои дуздидашуда ошноӣ пайдо карданд.
Дар рўзи сеюми дарс машқҳои амалӣ дар терминали гумрукии “Душанбе-2” сурат гирифт. Дар он ҷо барои афсарони хадамоти гумрукӣ имконияти хуб фароҳам оварда шуд, то ки онҳо дониш ва маҳорате, ки дар соҳаи муайянсозии автомобилҳои дуздидашуда ба даст оварданд, дар амал нишон диҳанд.
Тақвияти амният дар Осиёи Марказӣ ва ҷонибдории тиҷорат ва транзити қонунӣ аз як тараф, ва аз тарафи дигар пешгирии убуру мурури ғайриқонунии одамон ва маҳсулот аз сарҳади кишварҳои Осиёи Марказӣ вазифаи умдаи барномаи БОМКА ба ҳисоб меравад.



Нигора Муқимӣ ваколатдори нави ҳуқуқи кӯдак дар Тоҷикистон таъин шуд
Аз шарти Теҳрон барои убури нафткашҳо то идомаи ҳамлаҳо ба Эрон ва зарбаҳо ба Исроил. Ҷанг дар Эрон вориди рӯзи 12-ум шуд
Ба муносибати иди Рамазон ва ҷашни Наврӯз дар Душанбе ярмаркаи маҳсулоти ғизоӣ ташкил мешавад
Нахустнамоиши филми “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ”, ки мебоист дар ҷашни Наврӯз баргузор мешуд, ба таъхир афтодааст
Орзуи бунёди “Исроили бузург”, вале шикасти ногузир. Андешаи муовини пешини вазир ва дипломати тоҷик дар бораи ҷанг дар Эрон
Куҳансолтарин зани Тоҷикистон чӣ ҳол дорад?
Медали тиллои варзишгари тоҷик дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Беларус
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 43
Гранти президентӣ барои занони ҳунарманд. Ба куҷо бояд муроҷиат кард ва кадом ҳуҷҷатҳо лозим аст?
“Беш аз 180 ҳазор ҷой намерасад”. Муовини вазири маориф як мушкили гузаштан ба низоми таҳсили дувоздаҳсоларо шарҳ дод
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста