Аз ҷониби кормандони ШВКД дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон пеши роҳи кӯшиши ғайриқонунӣ гузаштани сарҳади давлатии Тоҷикистон гирифта шуд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ВКД Тоҷикистон, зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ сокини ноҳияи Мастчоҳ Садам Қудусови 22-сола ҳамчун гумонбар дар ғайриқонунӣ убур кардани сарҳади давлатӣ дастгир карда шуд.

«Муайян карда шуд, ки дастгиршуда бо мақсади ҷиҳод намудан барои шомил шудан ба ҳайати гурӯҳҳои “Толибон” ба ноҳияи Панҷ омада, мехост аз ҳудуди ноҳияи мазкур ғайриқонунӣ сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро убур намуда, ба қаламрави Ҷумҳурии Исломии Афғонистон гузарад», - гуфта мешавад дар хабар.

Зимнан зикр мегардад, ки нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.