Амирҷони 4-сола, ки аз зарби 13 корд ҷароҳат бардошт, айни замон дар бемористон дар ҳолати вазнин бистарӣ аст. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» аз Раёсати ВКД Тоҷикистон дар ноҳияи Турсунзода хабар дода, маълумоти интишоршуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи марги кӯдакро рад карданд.
Ба иттилои манбаъ, кӯдак ба ҳуш омада, вале ҳолаташ вазнин боқӣ мондааст. «Кӯдак худаш изҳор кард, ки ӯро зани ҳамсоя бо корд задаст ва номи ин занро ҳам гуфт», - зикр кард сарчашмаи хабар.
Ёдрас мекунем, ки рӯзи 5-уми июни соли равон шаҳрванд Марҷонаи Файзалии 23-сола, сокини шаҳри Турсунзода, дар ҳудуди маҳаллаи 1-и шаҳри мазкур шоҳиди он мегардад, ки дар вақти бозии кӯдакон писари ноболиғашро хурдсоли дигари ҳамин маҳалла Амирҷони Назирови 4-сола мезанад.
Бино ба иттилои сомонаи расмии ВКД ҶТ, Марҷонаи Файзалӣ аз ин кирдори ноболиғ Назиров Амирҷон ба каҳру ғазаб омада, бо худ корд гирифта, ноболиғи 4-соларо ба тарафи камодам, байни буттаҳои марминҷон бурда, бо корди дар дасташ буда 13 маротиба ба узвҳои бадани (қисмҳои шикам, гурда ва тахтапушт) ин хурдсол зада, ҷароҳатҳои халандаву бурранда мерасонад.
Гуфта мешавад, дар натиҷа, ноболиғ аз ҷароҳатҳои бардоштааш дар ҳолати вазнин дар беморхона бистарӣ шудааст. Айни замон шаҳрванд Марҷонаи Файзалӣ ҳамчун гумонбар дар расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир шуда, нисбаташ парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шудааст. Тафтиши ҳодисаи мазкур идома дорад.



Эрон ва Амрико ҳамдигарро ба истифодаи маконҳои ғайринизомӣ барои ҳамла айбдор мекунанд. Рӯзи даҳуми даргирӣ дар Ховари Миёна
Писар ҷойгузини падар. Муҷтабо Хоманаӣ, роҳбари нави Эрон кист ва чӣ корнома дорад?
Закот ба кӣ фарз аст, онро бояд ба киҳо дод ва кӣ аз ин садақаи ҳатмӣ озод аст? Муҳимтарин нукот дар бораи закот
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 9 марти соли 2026
Муҷтабо Хоманаӣ – писари Алии Хоманаӣ роҳбари нави Эрон интихоб шудааст
Ҳамла ба анборҳои нафту полоишгоҳҳо. Охирин хабарҳо аз Эрону Исроил ва дигар кишварҳои Ховари Миёна
“Азия-Плюс” занону духтарони Душанберо ба Рӯзи модар табрик кард. Иқдоми “Модарони Душанбе” чӣ гуна гузашт?
Рӯзи модар муборак, бонувони азиз!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 марти соли 2026
Масъуди Пизишкиён гуфт, Эрон бо кадом шарт ба кишварҳои ҳамсояаш ҳамла намекунад. Рӯзи ҳаштуми ҷанг дар Эрон ва вазъ дар Ховари Миёна
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста