Дар санаи 4 июни соли ҷорӣ соати 19:25 дар боздоштгоҳи рақами 3 шаҳри Москва гумонбаршуда, шаҳрванди Тоҷикистон Назриев Шералӣ Файзалиевичи 34-сола, ки барои ҷинояти 228 – 1 кодеси ҷиноятии Федератсияи Русия гумонбар дониста мешавад, худро ба дор овехтааст.

Бино ба маълумоти сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия, ҷасади ин шаҳрванди ҶТ дар яке аз утоқҳои боздоштгоҳи тафтишотӣ (СИЗО) –и ш. Москва пайдо шуда, ҳоло ҷасади ин шаҳрванди Тоҷикистон дар сардхонаи рақами 10 ш. Москва қарор дорад.

«Кормандони Хадамоти консулгарии Сафорат ин ҳодисаро зери назорати худ гирифта бо масъулини боздошгоҳи тафтишотӣ ш.Москва дар ҷараён ҳастанд ва ба шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Рудакӣ, ки ин шаҳрвандамно истиқоматкунандаи ҳамин ноҳия мебошад, хабар расониданд», - хабар доданд аз сафорат.

Ёдрас мекунем, ки «БалтИнфо иттилоъ дода буд, ки дар тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и шаҳри Маскав як шаҳрванди Тоҷикистон худро ба дор овехтааст. Ҷасади шаҳрванди 34-солаи Тоҷикистон, ки худро бо либосаш (футболка) ба дор овехтааст, соати 19-и шом дар яке аз ҳуҷраҳои тавқифгоҳи муваққатии №5 дар кӯчаи Силикатний дарёфт шудааст.

«Муайян карда шудааст, ки рӯзи чоршанбе суди ноҳияи Никулинои шаҳри Маскав барои даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дар ҳайати гурӯҳи муташаккил, ӯро ба 19,5 соли зиндон маҳкум намудааст. Пас аз қироати ҳукм ӯро ба тавқифгоҳ овардаанд, ки дар он ҷо ӯ дарҳол даст ба худкушӣ задааст», - иттилоъ дода буд хабаргузорӣ.