Дар назди сафоратхонаи Британияи Кабир дар Тоҷикистон пикети ғайриқонунӣ баргузор шуда, бо боздошти якчанд нафар хотима ёфт.
Тавре ба «Азия-Плюс» шоҳидони воқеъа хабар доданд, ин амал аз ҷониби панҷ нафар зан сурат гирифта, онҳо ба сӯйи бинои сафоратхона сангу шиша партофтаанд.
«Вақте посбонони бинои сафоратхона кӯшиш кардаанд, ки ба ин амали онҳо монеъ шаванд, чор нафар мардон ҳам ба занҳо ҳамроҳ шудаанд. Мардон посбононро лату кӯб карда, занон ба сангу шишапартойӣ ба бинои сафоратхона идома доданд», - гуфтанд шоҳидони ҳодиса.
Ба қавли шоҳидон, онҳо бахубӣ нафаҳмидаанд, ки ин нафарон чӣ талабе доштанд, вале чанд маротиба калимаи «Помир»-ро шунидаанд.
Тақрибан баъди ним соат кормандони милиса ба назди бинои сафоратхона ҳозир шуда, ҳамаи иштирокчиёни пикетро боздоштаанд.
Дар сафоратхонаи Британияи Кабир далели ҳамла ба бинои намояндагии дипломатиро тасдиқ намуда, зикр карданд, ки ояндаи наздик дар ин бора иттилои расмӣ омода мешавад.




“Таъини ректорро бо мо мувофиқа накарданд”. Муовини вазири маорифи Русия гуфт, маблағгузории Донишгоҳи славянӣ қатъ шудааст
Аз се шарти Пизишкиён барои поёни ҷанг то қабули қатъномаи СММ зидди Эрон. Охирин хабарҳо аз ҷанг дар Эрон ва вазъ дар Ховари Миёна
Дар Чин дили бемори 9 кӯдаки тоҷикро ройгон ҷарроҳӣ мекунанд
Боздошти 7 тан бо гумони муомилоти 100 кг маводи мухиддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон
ФАВРӢ: Чаҳор муттаҳами асосии ҳамла ба "Крокус" ҳукми абад гирифтанд
Тавсияи Вазорати нақлиёт ба ронандагони тоҷик дар шароити номусоиди ҳаво
Вазорати саноат гуфт, ки чаро дар Тоҷикистон пӯст кам коркард мешавад
Як ҷавони 28-соларо дар Деваштич барои куштори падараш 19 сол равонаи зиндон кардаанд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 44
Кӯдакам рӯза медорад. Ман чиро бояд донам?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста