Дипломати тоҷик Рустам Маҳмудӣ, ки нимаи моҳи май ба автомашинааш дар музофоти Қундузи Афғонистон ҳамлаи мусаллаҳона сурат гирифта буд, ба шаҳри Душанбе оварда шуд.
Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, айни замон Рустам Маҳмудӣ дар Маркази миллии тиббӣ муолиҷа мегирад.
Ёдрас мекунем, ки шоми рӯзи 16-уми май ба автомашинаи консули Тоҷикистон дар музофоти Бадахшони Афғонистон Рустам Маҳмудӣ ҳамлаи мусаллаҳона сурат гирифт. Ҳамлаи мусаллаҳона ба автомашинаи консул дар вилояти Қундуз анҷом пазируфта, дар натиҷа Рустам Маҳмудӣ аз дасти рост ва пояш захмӣ шуд. Дар шаҳри Қундуз ӯро табибони ҷопонӣ ду маротиба ҷарроҳӣ намуданд.
Ба тафтиши ин ҳодиса мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистону Афғонистон машғуланд. Алҳол дар ин бора маълумоти расмӣ дода нашудааст. То ҳанӯз ҳеҷ касе ё гурӯҳе масъулияти ин ҳамларо ба дӯш нагирифтааст.
Қобили зикр аст, ки айни замон дар Кобул сафоратхонаи Тоҷикистон ва дар шаҳрҳои Мазори Шариф, Қундуз ва Файзобод консулгариҳои Тоҷикистон амал мекунанд.
КҲФ аз боршоти борони пуршиддат ва хатари омадани сел ҳушдор медиҳад
Чароғҳои кӯчаву хиёбонҳои Душанберо кай фурӯзон мекунанд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2025
Беш аз 22 млн сомонӣ. Ҳизбҳои ба парлумон роҳёфта аз буҷаи давлат чанд сомонӣ мегиранд?
Соҳибтаҷрибае бо донишҳои муосир мусаллаҳ. Рӯзноманигори шинохта Илҳом Ҷамолиён 65-сола шуд
Дар семоҳаи аввали сол ҳаҷми содироти молу маҳсулот аз Тоҷикистон кам шуд
“Охирин монеа бартараф шуд”. Толибон аз қарори хориҷи номи ин гурӯҳ аз рӯйхати созмонҳои мамнӯи Русия истиқбол карданд
Дар Тоҷикистон 17 собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондаанд
Як духтари 10-сола дар дарёи Вахш ғарқ шудааст. Наздиконаш барои дарёфти ӯ мадад мепурсанд
Муборизаи 128 варзишгар барои дарёфти ҷоми шаҳрдори Душанбе
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста