Имрӯз дар шаҳри Маскав таҳти раёсати вазири мудофиаи Русия Сергей Шойгу ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) доир мегардад.

Тавре хабаргузории Авеста бо истинод ба котиби матбуотии СААД Владимир Зайнетдинов иттилоъ медиҳад, дар ҷаласа дабири кулли СААД Николай Бордюжа низ ширкат варзида, дар бораи вазъ дар минтақаи таҳти масъулияти созмон қарордошта ва дигар масъалаҳои муҳими ҳамкории низомӣ дар доираи созмон гузориш медиҳад.

Гуфта мешавад, вазирони мудофиаи кишварҳои узви СААД ҳуҷҷатҳои марбут ба Нақшаи машваратҳои намояндагони кишварҳои узви созмон оид ба масъалаҳои сиёсати хориҷӣ, амният ва мудофиа барои нимаи дуюми соли 2014 – нимаи аввали соли 2015, Нақшаи роҳандозии фаврии амалиёти Нерӯҳои дастаҷамъонаи СААД ва ҳамчунин сохтори маъмулӣ ва ҳайати шахсии фармондеҳии ин нерӯҳоро баррасӣ мекунанд.

Зимнан зикр мегардад, ки дар ин чорабинӣ вазирони мудофиаи Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Русия, Тоҷикистон ва ҳамчунин намояндагони Котибот ва Ситоди муттаҳидаи СААД ва Вазорати корҳои хориҷии Русия низ иштирок мекунанд.