Гурӯҳи донишҷӯёни Коллеҷи Шоҳигарӣ оиди тадқиқотҳои мудофиавӣ аз 11-ум то 14-уми июн ба Тоҷикистон ташриф меоваранд.

Тавре аз сафоратхонаи Британияи Кабир дар Тоҷикистон хабар доданд, гурӯҳ аз 8 афсари калони Шоҳигарии Бритониёи Кабир ва 9 афсари калони хориҷие, ки дар муассисаҳои гуногуни низомӣ кору фаъолият мекунанд, иборат мебошанд. Сайёҳати таҳсил дар хориҷа ин яке аз унсурҳои калидии омӯзиши Коллеҷи Шоҳигарӣ оиди тадқиқотҳои мудофиавӣ мебошад. Ин намуди боздидҳо аз Тоҷикистон аҳёнан рух медиҳанд ва он мувофиқи тафоҳумномаи ҳамдигарфаҳмӣ оиди ҳамкории мудофиавӣ, ки байни Шоҳигарии Бритониёи Кабир ва Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷуд аст, баргузор мегардад.

Дар доираи барномаи сафарашон, гурӯҳи Коллеҷи Шоҳигарӣ оиди тадқиқотҳои мудофиавӣ як қатор вохӯриҳоро бо намояндагони ташкилотҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, ба монанди Вазорати корҳои дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурии Тоҷикистон, Шабакаи Оғо-Хон оид ба рушд ва Ташкилот оиди амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо хоҳанд дошт. Дар рафти ин вохӯриҳо тарафҳо вазъи сиёсӣ, молиявӣ, иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ ва иқтисодии ҷумҳурии Тоҷикистон ва минтақаро муҳокима мекунанд.

Дар баробари қисмати расмии барномаашон, ҳайати намояндагони Коллеҷи Шоҳигарӣ оиди тадқиқотҳои мудофиавӣ боз аз якчанд ҷойҳои маданӣ боздид намуда, берун аз шаҳри Душанбе сафар мекунанд. Онҳо боз ба чорабиние, ки Сафорати Бритониё дар Душанбе бахшида ба зодрӯзи Улёҳазрат Малика Елизаветаи II баргузор мекунад, иштирок хоҳанд кард.