Дар шабакаи иҷтимоии Facebook навори видеойӣ бо иштирокчии эҳтимолии ҳамла ба раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ интишор шуд.
Навори видеойӣ аз ҷониби корбари шабакаи иҷтимоии мазкур Ҷамшед Наҷмиддинов санаи 12-уми июн гузошта шудааст. Наҷмиддинов тасдиқ мекунад, ки марди дар навори видео сабтшуда яке аз нафароне мебошад, ки ба сӯи Кабирӣ помидору тухм партофтааст.
Дар навори видеойӣ ин мард – иштирокчии эҳтимолии ҳамла ба раиси ҲНИТ ҳикоят мекунад, ки ба ӯ тухми мурғу помидор дода, дархост намудаанд, ки онҳоро ба сӯйи меҳмонон аз Душанбе партоянд, вале дар бораи маҳз аз ҷониби кӣ дархост шудани ин амал чизе гуфта намешавад. Мард бастаи начандон калоне бо помидор ва тухмро дар даст дорад.
Ёдрас мекунем, ки санаи 10-уми июн ҳангоми аз дафтари кории ҳизб ба берун баромадани раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ пас аз вохӯрӣ бо ҷавонони маҳаллӣ дар Кӯлоб, чанд нафаре ба сӯи ӯ тухми мурғу помидор партофтанд.
Дар робита ба ҳодисаи ҳамла ба раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ Шӯрои сиёсии ҲНИТ изҳороти расмӣ интишор намуд.
Кормандони милисаи шаҳри Кӯлоб изҳор намуданд, ки ду нафар гумонбаршудагон ба амали майдавбошӣ нисбати раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабириро, ки санаи 10-уми июн содир гардида буд, боздошт намуданд.




Сафири Эрон: “Амрикову Исроил мехостанд давоми 48 соат Ҷумҳурии Исломиро сарнагун кунанд, аммо Эрон ин нақшаро вайрон кард”
“Фаластини озод” ва “Таблиғи ҷанг дар мактабҳои Русия”. Кадом филмҳо ҷоизаи "Оскар-2026" гирифтанд ва чӣ паём доштанд?
Талоши Трамп барои “бозкушоии тангаи Ҳурмуз” ва идомаи ҳамлаи тарафҳо. Ду рӯзи гузашта дар Ховари Миёна чӣ гузашт?
Набард ва пирӯзии Адолат. Чӣ тавр зани тоҷик девори қолаб шикаст ва ширкати худро сохт?
Сардори Раёсати тандурустии Суғд, ки ба ришвагирӣ гумонбар буд, бо пардохти ҷарима аз ҳабс озод шудааст
Як бунёди аврупоӣ ба ширкати “Шоҳин Эйрлайнз” беш аз $200 млн сармоягузорӣ мекунад
Ҳушдори мақомот ба роҳбарони бозорҳои пойтахт барои қимат фурӯхтани маҳсулот дар иди Рамазон
Тоҷикистонро дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои Осиё 13 варзишгар намояндагӣ мекунанд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 47
Расонаҳо: Куштори як шаҳрванди Тоҷикистон дар Қундузи Афғонистон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста