Дафтари Интерполи ВКД дар Ҷумҳурии Хакасия дар ҳамдастӣ бо кормандони Раёсати Хадамоти федералии иҷрои ҷазои Русия дар Хакасия ошкор намудаанд, ки маҳбуси яке аз муассисаҳои ислоҳотӣ бо ному насаби дигар адои ҷазо мекунад.
Бино ба иттилои сомонаи расмии ВКД дар Хакасия, зимни санҷиш маълумот тасдиқ шудааст: зодаи шаҳрванди 29-солаи Тоҷикистони ба 5 солу 10 моҳи зиндон барои ғоратгарӣ маҳкумшуда натанҳо ному насаби дигар дорад, балки санаи таваллудаш низ ба соли 1983 иваз шудааст.
«Гузашта аз ин, муайян карда шудааст, ки ин шаҳрванд аз ҷониби мақомоти интизомии Тоҷикистон барои ташкили гурӯҳи ҷиноятпеша мавриди ҷустуҷӯи байнулмилалӣ эълон шуда, шахсият ва бо ному насаби шахси дигар адои ҷазо кардлани ӯ тасдиқ гардидааст», - омадааст дар хабар.
Гуфта мешавад, пас адои муҳлати ҷазо дар муассиса ислоҳоии Русия ин шаҳрванд ба қаламрави Тоҷикистон истирдод мегардад.
Қобили зикр аст, ки айни замон Дафтари Интерпол дар Тоҷикистон дар саросари дунё 147 нафар шаҳрвандони тоҷики ба содир намудани ҷиноят гумонбаршуда ва 68 нафари бедаракшуда дар Тоҷикистонро ҷустуҷӯ мекунад.
Аз $27 ҳазор ҷарима то 10 соли ихроҷ. Кумитаи дин паёмади нақзи тартиби нави ҳаҷҷи имсоларо шарҳ дод
Аз Чилдухтарону Осорхонаи Восеъ то оромгоҳи Ҳазрати Султон. Маконҳои сайёҳиву таърихии минтақаи Кӯлоб, ки ҳатман бояд дид
“Ба ватан баргаштем, аммо ҷуброни зарар мехоҳем”. Чанде аз зоирони дар Арабистони Саудӣ дармонда ба Тоҷикистон баргаштаанд
Мақомоти Эрон сабаби таркиш дар бандари “Шаҳид Раҷоӣ”, ки боиси ҳалокати 70 кас шуд, гуфтанд
Қирғизистон марзи худ бо Тоҷикистонро симхор мекашад
“Олам - гулистон”. Омори ҷойҳои корӣ дар Тоҷикистон чӣ гуна ҳисоб карда мешавад?
Оби Осиёи Марказӣ. Сокинони минтақаро чӣ интизор хоҳад буд?
КҲФ аз омадани тӯфони чангу ғубор ба Тоҷикистон огоҳ мекунад
Футзалбозонеро, ки аз бозӣ дар тими мунтахаб даст мекашанд, чӣ интизор аст?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Дардҳои гиреҳхӯрда” қисми 7
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста