Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар ВМКБ тасдиқ кард, ки Александр Содиқов рӯзи 16-уми июн. дар шаҳри Хоруғ боздошт шудааст.
Дар изҳороти расмии Раёсат, ки дар АМИТ «Ховар» ба нашр расидааст, дар ин робита чунин маълумот дода мешавад:
«Рӯзи 16-уми июни соли 2014, соати 12.15 дақиқа ҳангоми иҷроиши супориши хадамоти махсуси яке аз давлатҳои хориҷӣ шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Содиқов Александр Иброҳимович, зодаи шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд, маълумоташ олӣ, муваққатан бекор, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, боздошт гардид.
Санҷиши пешакӣ нишон дод, ки Содиқов А.И. рӯзи 09-уми июни соли 2014 тавассути почтаи электронӣ аз ҷониби намояндаи яке аз давлатҳои хориҷӣ, ки ҳамчун шахси мулкӣ таҳти пӯшиши муҳаққиқ муқобили Точикистон фаъолияти тахрибкории разведкавӣ мебурд ва дар алоқаи охирин қарор дошт, барои вохӯрӣ даъват карда шуд.
Вохӯрӣ рўзи 10-уми июни соли ҷорӣ аввал дар алоҳидагӣ ва шабона дар резидентсияи нафари аввали хадамоти махсуси он кишвар, ки ҳамчунон зери пӯшиши фаъолияти дипломатӣ амал мекунад, баргузор гардид. Аз охирин супориши конкретӣ ва маблағи пулӣ бо ҳисоби доллар барои иҷрои ин супориш дастрас кард.
Ҳангоми вохӯрии махфӣ дар шаҳри Душанбе, шаҳрванд Содиқов А.И. вазифадор карда шуд, ки ба шаҳри Хоруғи ВМКБ сафар карда, бо риоя кардани талаботи махфикорӣ бо шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Алим Шерзамонов ва дигарон вохӯрӣ кунад.
Ҳангоми мулоқот аз шаҳрванд Шерзамонов А., тибқи саволномаи тайёркардаи он намоянда, ки характери разведкавӣ дорад, маълумот дастрас намояд.
Содиқов А.И. бар зарари оромиву суботи кишвар, мақсадҳои ғаразноки худро пеша намуда, бо мақсади иҷро намудани супориши гирифтааш ба шаҳри Хоруғ сафар карда, бо шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Алим Шерзамонов, зода ва истиқоматкунандаи ш.Хоруғи ВМКБ, вохӯрӣ ва мулоқот намуд.
Мулоқоти Содиқов А.И. бо А.Шерзамонов дар асоси маслиҳати пешакӣ дар ҷои махсус таъиншудаи боғи марказии шаҳр, ба вуқӯъ пайваст ва ҳангоми аз охирин гирифтани маълумотҳои ғаразнок боздошт гардид. Санҷиш дар ин самт идома дорад».
Дар ҳамин ҳол, субҳи имрӯз яке аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии ВМКБ Алим Шерзамонов ба «Азия-Плюс» изҳор намуд, ки дирӯз ӯ тариқи телефон бо муовини раиси КДАМ Суҳроб Паноев суҳбат дошта, ахирӣ боисрор даст доштани КДАМ дар боздошти Александр Содиқовро рад намудааст. «Сипас тақрибан соати 8-и шом мо ба Ш.Хайруллоев занг задем. Ӯ гуфт: «Ман ҳозир бо сардори Раёсати КДАМ дар ВМКБ суҳбат кардам ва ӯ гуфт, ки бо Алксандр Содиқов суҳбат карда, ӯро ҷавоб додаанд». Баъд соати 20-30 мо назди меҳмонхона, ки А.Содиқов онҷо иқомат дошт, омадем, вале ӯ дар он ҷо набуд…».
Қаблан шомгоҳон Алим Шерзамонов дар саҳифаи фейсбукии худ чунин навишта буд: «Дар Хоруғ намояндагони гирдиҳамойиро ҳамаҷониба пайгирӣ доранд. Имрӯз дар боғи марказии Хоруғ Александр Содиқов боздошт шуд. Гуноҳи ӯ танҳо дар он ифода меёбад, ки бо ман суҳбат мекард. Ин бори дигар гувоҳи он аст, ки телефонҳои моро гӯш мекунанд ва ҳаракати моро наззора доранд».




Масъуди Пизишкиён гуфт, Эрон бо кадом шарт ба кишварҳои ҳамсояаш ҳамла намекунад. Рӯзи ҳаштуми ҷанг дар Эрон ва вазъ дар Ховари Миёна
"Азия-Плюс" ба зиндони занонаи Норак беш аз 500 китоб тақдим кард ва бо шароити маҳбусон шинос шуд
Ҷасади Таҳминаи 21-соларо баъди як моҳи бедаракшавӣ дар наздикии марз бо Ӯзбекистон аз дарё пайдо карданд
"Moody’s" мавқеи соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистонро як зина беҳтар арзёбӣ кардааст
Бордорконии "ЭКО" дар Ислом – иҷоза аст ё мамнӯъ? Муфтии Тоҷикистон посух дод
Қариб 290 шаҳрванди Тоҷикистон то шоми 6-уми март аз Эрон берун шудаанд
“Беморон ранҷ кашиданд”. Нақли тоҷиконе, ки дар авҷи ҷанг аз Эрон ба Тоҷикистон баргаштанд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 марти соли 2026
Наздики 120 шаҳрванди Тоҷикистон бо як парвози чартерӣ аз Дубай ба Душанбе баргаштаанд
Эмомалӣ Раҳмон дар сохтори Додгоҳи олӣ, Додситонии кул ва ВКД тағйироти кадрӣ анҷом дод
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста