Рӯзи 17 июни соли 2014 вохӯрии Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ генерал-лейтенанти милитсия Р. Назаров бо Ҳайати Қароргоҳи Иттиҳоди Аврупо таҳти роҳбарии Риина Кионка – роҳбари робитаҳои берунӣ оид ба Осиёи Марказии Хадамоти Аврупоӣ баргузор гардид.
Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, дар вохӯрӣ инчунин Роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар ҶТ ҷаноби Эдуард Ауэр иштирок намуд.
Ҳайати қароргоҳ бо Маркази Байниидоравии Кинологӣ, ки дар доираи Иттиҳоди Аврупоии Барномаи Рушди СММ сохта шуда аст, шинос шуд.
Дар рафти дидан Роҳбари Агентӣ қайд намуд, ки дар моҳи июни соли 2012 бо дастгирии Барномаи Иттиҳоди Аврупо оид ба мусоидат ба идоракунии сарҳад дар Осиёи Марказӣ (БОМКА) Маркази таълимӣ таъсис дода шуд, ки дар он дар ин муддат зиёда аз 120 корманди ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии на танҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки мутахассисони кинологи Қирғизистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон таълим гирифтанд.
Қайд гардид, ки созмон додани Маркази таълимӣ барои омода намудани кинологҳо, парвариш ва омода сохтани сагҳои хизматӣ барои ошкор намудани маводи нашъаовар дар оянда барои баланд бардоштани самаранокии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯии кормандони Агентӣ, дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии Тоҷикистон ва идораҳои ҳаммонанди Афғонистон мусоидат хоҳад намуд.
Ба меҳмонон баромади сагҳои хизматӣ оид ба кофтуков ва ошкор намудани маводи нашъаовар дар махфигоҳи шартӣ намоиш дода шуд.
Директори Агентӣ ба Барномаи Иттиҳоди Аврупо оид ба мусоидат ба идоракунии сарҳад дар Осиёи Марказӣ (БОМКА) барои кӯмакҳо ва дастгирӣ нисбат ба рушди Маркази Байниидоравии Кинологӣ арзи сипос намуд.
Дар хотимаи вохӯрӣ дурнамои рушди ҳамкорӣ байни Агентӣ ва БОМКА, аз ҷумла масъалаҳои аз нав омода намудани кормандони идораҳои зиддимухаддиротии Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор гирифт.
Тарафҳо изҳори боварӣ намуданд, ки ҳамкориҳо дар оянда боз ҳам мустаҳкам хоҳанд гардид.
Баъди мулоқоти Тошиев бо сафири Русия, муттаҳамони парвандаи "ҷалби зархаридон” аз боздоштгоҳ раҳо шудаанд
Барои истифодаи нодурусти барқу гармӣ ҳам ҷарима пешбинӣ шуд
“Шоҳ”-е, ки аз гуноҳи ҳама гузашт, даргузашт. Асланшоҳ Раҳматуллоев дар Лучоб ба хок супорида шуд
Дар пайи як садамаи нақлиётӣ дар Ёвон 5 кас ҷон бохтанд
Қарздорӣ аз музди меҳнат дар Тоҷикистон дар як сол 20% зиёд шудааст
Ҳафт медали ҷудокорони тоҷик дар қаҳрамонии ҷудои Осиё дар Тайланд
Музокироти сеюми Эрон ва Амрико. Ҷонибҳо онро “хеле ҷиддитар аз гузашта” тавсиф карданд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Дардҳои гиреҳхӯрда” қисми 6
Эмомалӣ Раҳмон ба Масъуд Пизишкиён дар робита ба таркиш дар бандари Шаҳид Раҷоӣ барқияи тасаллӣ ирсол кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 апрели соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста