Зимни суханронӣ дар конфронс дар мавзӯи «Муқовимат ба таҳдидҳо ва хатарҳои муосир дар минтақаи Осиёи Марказӣ: дастовардҳо ва дурнамоиҳои Тоҷикистон дар мубориза бо терроризм, экстремизм ва коррупсия» раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ)-и Тоҷикистон Саймӯмин Ятимов изҳор намуд, ки барои ноустувор кардани вазъ дар Тоҷикистон баъзе созмонҳои хориҷӣ гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятпешаро сарпарастӣ мекунанд.
Ятимов мутамин аст, ки айни замон дар Тоҷикистон бозиҳои бузурги геополитикӣ ҷараён доранд. «Дар кишвар бори нахуст хадамоти махсус, ки ин ҷо аз мақомашон ҳарф намезанам, бо гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятпеша кор мекунанд. Ба онҳо мабалғ медиҳанд. Махсус онҳоро таҳрик медиҳанд, ки алайҳи суботи минтақаи мо мубориза баранд. Ман аллакай инро ба онҳо гуфтам ва ҳама медонанд, ки сухан сари чӣ меравад. Ба ин кишварҳои бузург манфитадоранд», - гуфт раиси КДАМ.
«Ҳамеша дар хотир дошта бошед, ки дирижёр пушти оркестр пинҳон мешавад. Аз ин рӯ, чунон дирижёрӣ намоед, ки Шумо ҳам намоён бошеду ҳам бо сари баланд нигоҳ кунед», - зикр кард Ятимов.
«Ман боварии комил дорам, ки тамоми мардуми Тоҷикистон ватандӯсту ватанпарвар аст. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти манфиатҳои миллӣ бар зидди ҳама гуна хатару таҳдидҳои замони муосир, аз қабили терроризм, экстремизм ва коррупсия дар якҷоягӣ ва ҳамбастагӣ мубориза мебарад», - иброз дошт ӯ.
Ятимов қайд кард, ки пас аз Покистон Тоҷикистон бо Афғонистон аз ҳама марзи тӯлонӣ дорад. «Сарфи назар аз вазъ дар кишвар, кӣ бо Афғонистон шаш пул месозад, то ки мардум ба тиҷорат машғул бошанд? Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ Тоҷикистон бояд аз ин самт эътироф гардад», - гуфт номбурда.
Ҳукумат барои идомаи сохтмони “Роғун” 200 млн сомонии иловагӣ равона мекунад
Боздошти корманди “Русский дом” дар Қирғизистон бо иттиҳоми ҷалби зархаридон ба ҷанг
“Расид наёрӣ, шаҳодатномаи хатм намедиҳам”. Шикоят аз ҳуҷҷатсупории иҷборӣ ба Маркази миллии тестӣ
Сардори нави Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД кист?
Комроншоҳ Устопирён дубора ба майдон бармегардад. Тоҷикистонро дар мусобиқаи байналмилалии куштӣ киҳо намояндагӣ мекунанд?
Рухшона Ҳакимоваро аз “СИЗО” ба маҳбаси занонаи Норак интиқол додаанд
Барои “ислоҳу тарбия”-и маҳбусони бо терроризм маҳкумшуда беш аз 38,5 млн сомонӣ ҷудо мекунанд
Қурби доллар нисбати сомонӣ то сатҳи панҷ моҳ пеш поин рафт
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Дардҳои гиреҳхӯрда” қисми 3
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 апрели соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста