Шурӯъ аз 22-юми сентябр дар минтақаҳои наздимарзии водии Фарғонаи Тоҷикистону Қирғизистон Рӯзҳои Сулҳ оғоз мегарданд.

Ин як силсила чорабиниҳои якрӯза аст, ки ба наздикшавии ҷавонони ду кишвар аз лиҳози фарҳангӣ ва ба эътидол оварлани вазъи муташанниҷ дар минтақа нигаронида шудааст. Асосан дар 22 мактабҳои маҳалии вилоятҳои Суғду Ботканд дар ҳарду тарафи марз давоми ин рӯзҳо майдонҳои муколамаи дуҷониба, викторина, озмун ва дигар чорабиниҳои маърифативу фароғатӣ дар мавзӯъҳои таъриху фарҳанги ҳарду кишвар гузаронида шуда, ҳамчунин бо афроди маъруф ва пирони кордидаи ин манотиқ вохӯриву суҳбатҳо барпо мешаванд.

Лоиҳаи мазкур аз ҷониби 14 созмонҳои ҷамъиятии Тоҷикистону Қирғизистон, ки ба Шабакаи ТҒД водии Фарғона «Водии сулҳ» шомиланд, амалӣ мегардад. Чорабиниҳои мактабӣ ба муносибати Рӯзи байнулмилалии сулҳ, ки ҳамасола санаи 21-уми сентябр дар тамоми кишварҳо таҳти сарпарастии СММ таҷлил мегардад, баргузор мешавад.

Давоми ин рӯзҳо радиои «Салом»-и Қирғизистон ва студияи телевизионии «СМ-1»-и Тоҷикистон аз ҳарду ҷониби марз ба пахши барномаҳо дар бораи чорабиниҳои бахшида ба Рӯзи Сулҳ дар ин 22 мактаб оғоз мекунанд.