Рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда, дар рӯзи сеюми оғози маъракаи даъват ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон аз шаҳри Истиқлол (собиқ Табошар)-и вилояти Суғд аз иҷрои нақшаи даъват мужда расониданд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ хабар дод.
«Нақшаи даъват ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар шаҳри Истиқлол 107% ба иҷро расида, қариб ҳама даъватшавандагон ихтиёран ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ ҳозир шуданд», - таъкид дошт манбаъ.
Бино ба иттилои манбаъ, рӯзҳои нахусти оғози мавсими даъват ба хизмати ҳарбӣ дар баробари шаҳри Истиқлол, ноҳияи Носири Хусрав ва Балҷувони вилояти Хатлон низ аз уҳдаи иҷрои нақшаи даъват баромадаанд.
«Дар мавсими даъвати кунунӣ ба вазъи солимии сарбозони оянда ва сатҳи саводнокии онҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир мешавад», - гуфтанд дар Вазорати мудофиаи ҶТ.
Ёрас мекунем, ки мутобиқи фармони президенти кишвар, маъракаи даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон 1-уми октябр оғоз гардида, 30-юми ноябри соли равон ба итмом мерасад.
“Агар танҳо дар рӯйи коғаз намонад...” Қабули барномаи рушди театр то кадом андоза мушкили соҳаро ҳал мекунад?
Дар Тоҷикистон беш аз 3,6 ҳазор кас бе доштани шаҳрвандӣ зиндагӣ доранд
Беҳтарин мактаби олии Тоҷикистон дар зинаи 561-ум дар Осиё қарор дорад
Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд
Наҷоти мусофирони автобусе, ки аз Русия ба Тоҷикистон меомад
“Ин саҳна не, ин зиндагист”. Таҷлили Рӯзи театри тоҷик ва 95-солагии Театри Лоҳутӣ дар Душанбе
Роҳу чанд хона хароб шуд. Пайомади боронҳои ду рӯзи гузашта маълум гардид
Ҳушдори пулиси пойтахт: Дар Душанбе чорво нигоҳ надоред!
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Ошиқи хатокор”
Дар Душанбе мағозаи брендии HONOR кушода шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста