- Андешидани тадбирҳои бесобиқаи амниятӣ дар робита ба маълумоти дар Душанбе баргузор шудани гирдиҳамойии ғайриқонунии зиддиҳукуматӣ ба нафъи паҳнкунандагони овозаҳо аст, - иброз дошт ба «Азия-Плюс» доктори улуми ҳуқуқшиносӣ, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон Шокирҷон Ҳакимов.
Ба андешаи ӯ, сохторҳои сершумори давлатӣ шурӯъ аз дастгоҳи иҷроияи сарвари давлат, ҳукумат, парлумон, Маркази тадқиқоти стратегӣ, мақомоти амният бояд донанд, ки кадом гурӯҳи аҳолӣ метавонад ба даъватҳо ба гирдиҳамойӣ ҷонибдорӣ намояд, рейтинги «Гурӯҳи 24» дар кишвар чӣ гуна аст, кадом гурӯҳи намояндагони ҷомеаи тоҷик метавонанд аз пайи паҳнкунандагони овозаҳо раванд.
«Алҳол ҳукуматдорони кишвар ва сохторҳои қудратӣ комилан наметавонанд интиқод ё эродҳоро қабул намоянд ва овозаҳо дар бораи гирдиҳамойӣ нишон дод, ки дар чунин вазъиятҳо онҳо тадбирҳои дурусту муассир андешида наметавонанд», - гуфт Ҳакимов.
Ҳуқуқшинос зикр кард, ки таҳлилгари оқилу сиёсатмадори дурандеш ба хубӣ медонад, ки дар воқеъияти имрӯзаи Тоҷикистон ҳеҷ кадоме аз аҳзоби сиёсии ба таври қонунӣ амалкунанда ва ҳеҷ яке аз сиёсатмадори ҷиддӣ ба ноамн гаштани вазъ манфиатдор нест ва таваҷҷуҳи созмонҳои бонуфузи байнулмилалӣ, ки хоҳиши дар Тоҷикистон мавқеъи худро пайдо кардан доранд, имрӯз ба рӯйдодҳо дар Шарқи Наздик, Укараина ва Афғонистон мутамарказ шудаанд.
«Агар ҳукуматдорони Тоҷикистон овозаҳо дар бораи баргузории гирдиҳамойии эътирозии ғайриқонунӣ дар Душанберо ҷиддӣ қабул карда бошанд, пас онҳоро мебояд бобати сиёсати роҳандозикардаашон сари андеша раванд», - афзуд номбурда.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 майи соли 2025
Баъди зилзила. Сокинони Рашту Тоҷикобод чӣ аҳвол доранд?
“Азия-Плюс” барои фармоишгарони реклама Telegram-бот бо ҳуши маснӯиро роҳандозӣ мекунад
Шаҳри Қазвини Эрон ва Хуҷанд метавонанд бародаршаҳр шаванд
“Дарди музмин”. Нигаронии сокинон аз талаби пул барои таъмири мактаб
Вазорати тандурустӣ гуфт, дар Тоҷикистон аввалин ҷарроҳии бебуриши талхадон анҷом дода шуд
“Хиёнат ба ҷони паноҳҷӯён”. Амрико паноҳҷӯёни Афғонистонро ба ватанашон мефиристад
Оғози сафар ба ҳаҷ. Аввалин гурӯҳи зоирони тоҷик 16-уми май ба Арабистони Саудӣ мераванд
Эмомалӣ Раҳмон қонуни бекор кардани ҷазо барои "лайк" - ро имзо кард
Аз имзои қарордоди $142 млрд аслиҳа то лағви таҳримҳо алайҳи Сурия. Натиҷаҳои рӯзи аввали сафари Доналд Трамп ба Ховари Миёна
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста