Прокуратураи генералии Тоҷикистон афви аъзои созмони «Гурӯҳи 24»-ро, ки ихтиёран сафҳои онро тарк мекунанд, ваъда мекунад. Дар ин бора дар иттилои маркази матбуоти Прокуратураи генералӣ хабар дода мешавад.
Зикр мегардад, ки мутобиқи меъёрҳои Кодекси ҷиноии ҶТ, шахсе, ки ихтиёран аз иштирок дар фаъолияти ташкилоте, ки нисбати он аз ҷониби суд қарор дар бораи барҳам додан ё манъи фаъолияташ бинобар сабаби ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ қабул шудааст, даст мекашад, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад.
«Аз замони мавриди амал қарор гирифтани ҳалномаи Суди олӣ дар бораи манъи фаъолияти «Гурӯҳи 24», ҳаргуна иштироки шаҳрвандон дар фаъолияти «гурӯҳи» номбурда тибқи Кодекси ҷиноятии ҶТ ҳамчун ҷиноят эътироф гардида, мувофиқи моддаи 307-3 ҳамин Кодекс барои ин кирдор ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ карда шудааст», - гуфта мешавад дар иттилои Прокуратураи генералӣ.
Ёдрас мекунем, ки санаи 9-уми октябр Суди олии Тоҷикистон ҳаракати мухолифи «Гурӯҳи 24»-ро ифротгаро эълон карда, фаъолияти онро дар қаламрави кишвар манъ кард. Раиси мурофиа судя Саломат Ҳакимова эълон кард, ки ҳамчунин тибқи ҳалномаи суд, дастрасӣ ба сомонаи интернетии ин гуруҳ дар қаламрави кишвар, воридоту паҳн ва нашри ҳама гуна адабиёту варақаҳо, сабтҳои аудиову видеоии марбут ба «Гурӯҳи 24» низ манъ карда мешавад.
Тобистони соли 2012 Умаралӣ Қувватов баъди маҷбуран тарк кардани Тоҷикистон, ҳаракати мухолифи «Гурӯҳи 24»-ро таъсис дод. Ӯ чандин маротиба дар ВАО ҳукуматдорони Тоҷикистонро мавриди интиқоди шадид қарор додааст.
Қаблан Прокуратураи генералии Тоҷикистон ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълон намудани “Гурӯҳи 24” ҳамчун ташкилоти ифротгаро (экстремистӣ) ва манъ кардани фаъолияти он аризаи даъвогӣ пешниҳод намуда буд.
“Агар танҳо дар рӯйи коғаз намонад...” Қабули барномаи рушди театр то кадом андоза мушкили соҳаро ҳал мекунад?
Дар Тоҷикистон беш аз 3,6 ҳазор кас бе доштани шаҳрвандӣ зиндагӣ доранд
Беҳтарин мактаби олии Тоҷикистон дар зинаи 561-ум дар Осиё қарор дорад
Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд
Наҷоти мусофирони автобусе, ки аз Русия ба Тоҷикистон меомад
“Ин саҳна не, ин зиндагист”. Таҷлили Рӯзи театри тоҷик ва 95-солагии Театри Лоҳутӣ дар Душанбе
Роҳу чанд хона хароб шуд. Пайомади боронҳои ду рӯзи гузашта маълум гардид
Ҳушдори пулиси пойтахт: Дар Душанбе чорво нигоҳ надоред!
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Ошиқи хатокор”
Дар Душанбе мағозаи брендии HONOR кушода шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста