Як нафар зан, сокини вилояти Суғд дар амалиётҳои ҷангӣ дар Афғонистон иштирок дорад.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз прокуратураи вилояти Суғд хабар доданд, ин зани 36-сола Ш.М., сокини ноҳияи Спитамен, ки узви фаъоли гурӯҳи ҷиноятпешаи «Ҷамоати Ансоруллоҳ» аст, бо фарзандонаш нахуст ба Русия назди шавҳараш меравад, ки ӯ дар он ҷо дар муҳоҷирати корӣ қарор доштааст.

«Дар Русия ӯ бо ҳамдиёраш, узви фаъоли «Ҷамоати Ансоруллоҳ» шинос шуда, бо даъвати ӯ узвият ба ин гурӯҳро қабул мекунад ва соли 2013 бо ин ҳамдиёраш ба Афғонистон рафта, акнун он ҷо алайҳи нерӯҳои ҳукуматӣ меҷангад», - гуфт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки нисбати ин зан мақомоти прокуратураи вилояти Суғд мутобиқи моддаҳои 187, қ. 2 (Иштирок дар иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ)  ва 401, дараҷ. 1 (Ҷалб ва иштирок дар амалиётҳои ҷангӣ дар кишварҳои хориҷӣ)-и Кодекси ҷиноии ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз намуда, тафтишотро дар ин самт идома медиҳад.

Ёдрас мекунем, ки чанде қабл прокуратураи вилояти Суғд дар бораи боздошти 10 нафар сокинони вилоят, ки нияти сафар ба Сурия барои иштирок дар амалиётҳо ҷангиро доштанд, хабар дода буд. Як нафар аз ин боздошшудагон сокини ҷамоати Саразми ноҳияи Панҷакент ва боқимонда 9 нафари дигар сокинони ноҳия Спитамен мебошанд, ки сиинашон аз 20 то 30-соларо ташкил медиҳад.

Бино ба маълумоти як манбаъ аз прокуратураи вилоят, дар зарфи 9 моҳи соли равон нисбати 49 нафар сокинони минтақаи шимоли ҷумҳурӣ ба гумони узвият дар сафи созмону ҳаракатҳои ифротгаро 29 парвандаи ҷиноӣ боз шуда, 14 парванда нисбати 22 нафар ба судҳо ирсол гардидаанд.

«Миёни онҳо 7 нафар ба даст доштан дар фаъолият дар сафҳои Ҳаракати исломии Ӯзбекистон, 5 нафар – дар «Ҳизб-ут-таҳрир», 24 нафар - дар «Аносруллоҳ», 7 нафар – дар «Ҷабҳат-ул-Нусра» гумонбар дониста шуда, боз 6 нафари дигар дар амалиётҳои ҷангӣ дар Сурия иштирок доранд», - гуфт манбаъ.