Дар маркази таълимии «Мағоб»-и Вазорати корҳои дохилӣ, воқеъ дар минтақаи Ромити ноҳияи Ваҳдат бо иштироки ҳайати шахсии воҳидҳои махсуси Вазорати корҳои дохилӣ, Раёсати қӯшунҳои дохилӣ, воҳидҳои таъиноти махсуси гурӯҳи «Алфа»-и Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Агентии назорати маводи нашъадори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ҷузъу томҳои ёрирасони ВКД машқҳои муштараки махсуси тактикӣ-низомӣ бо номи рамзии «Мағоб-2014 дар шароити кӯҳсор» дар сатҳи баланд ва омодагии хуб гузаронида шуд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, ҳадаф аз баргузории чунин машқҳои муштарак ин пеш аз ҳама баланд бардоштани маҳорати касбии кормандони воҳидҳои таъиноти махсуси Вазорати корҳои дохилӣ ва дигар сохторҳои қудратии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар амал такмил додани донишу малакаи роҳбарии командирон оид ба сафарбаркунию усулҳои банақшагирии чорабиниҳои дастаҷамъона дар шароити кӯҳсор, тақвият додани мубориза оиди безарар ва несту нобуд сохтани гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятпеша ва террористӣ иборат буд.
«Дар ин машқҳои тактикӣ-низомии навбатӣ иштирокчиёни он бо истифода аз қувва ва воситаҳои махсус, лавозимоти ҳарбӣ ва техникаи ҷангӣ дар асоси нақшаи тартибдодашуда барои безарар гардонидани душмани шартӣ амалиёти муштарак гузарониданд», - омадааст дар маълумоти ВКД.
Гуфта мешавад, рафти гузаронидани машқҳои тактикӣ-низомиро вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро назорат бурда, дар фарҷом барои ҳамкориҳои судманд ва иштироки фаъолона дар курсҳои кӯтоҳмуддати воҳидҳои таъиноти махсуси мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба омодагӣ ва гузаронидани амалиёт дар шароити кӯҳсор» кормандони фаъол мукофотонида шуданд.
Вақте дандон дард мекунад, ба куҷо метавон муроҷиат кард?
Чӣ гуна метавон фаҳмид, ки бонк мушкил дорад ва боэътимод нест?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 апрели соли 2025
Таркиш дар як бандари Эрон. Расонаҳо аз 4 кушта ва беш аз 500 захмӣ хабар медиҳанд
Русия бори аввал эътироф кард, ки дар Курск низомиёни Куриёи Шимолӣ меҷанганд
Медали нуқраи Сомон Маҳмадбеков ва биринҷии Абубакр Шеров. Натиҷаи рӯзи дуюми мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои Осиё
Қаҳрамонии як тоҷик дар Маскав. Ӯ сӯхтори мошинро хомӯш кардааст
Дар Душанбе ва Хатлон сохтмонҳои "худсарона сохта"-ро тахриб мекунанд. Қонунгузорӣ дар ин бора чӣ мегӯяд?
Қоҳир Расулзода дар Маскав бо Михаил Мишустин ҳамкории тиҷоратии Тоҷикистону Русияро баррасӣ кард
Филми “Сарчашма” аз Тоҷикистон дар Қирғизистон соҳиби ҷоизаи “Таваҷҷуҳи тамошобин” шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста