Имрӯз дар Кохи «Рӯдакӣ»-и шаҳри Хуҷанд маҷлиси тантанавӣ ва чорабинии идона бахшида ба иди касбии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ - «Рӯзи милитсия» баргузор гардид.
Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, дар ин чорабинии бошукӯҳ Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсияи Раҳимзода Рамазон Ҳамро, Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ, губернатори вилояти Боткенти Ҷумҳурии Қирғизистон Жениш Разаков, сардори РВКД дар вилояти Боткент полковники милитсия Алимбеков Анарбой Мамалатипович, раисони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, собиқадорон ва ҳайати шахсии РВКД дар вилояти Суғд ширкат варзиданд.
Дар ҷараёни чорабинии мазкур бо Фармони Вазири корҳои дохилии ҶТ бахшида ба «Рӯзи милитсия» ба зиёда аз 500 нафар кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд ва 45 нафар собиқадорон тӯҳфаҳои пулию молӣ тақдим карда шуд. Дар фарҷоми ҷаласаи тантанавӣ аз ҷониби ҳунармандони шинохта ва маҳбуб барномаи консертӣ намоиш дода шуд.
Дар ҷараёни сафари корӣ ба вилояти Суғд вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро ҳамчунин дар маросими мавриди истифода қарор гирифтани бинои дармонгоҳи тиббии РВКД дар вилояти Суғд пас таҷдиду бозсозӣ низ ҳузур дошт. Тавре қайд гардид, корҳои таъмиру азнавсозӣ дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин бо дастгирии ВКД, ҳукумати вилоят ва шаҳри Хуҷанд ва ҳамчунин соҳибкорони маҳаллӣ ба анҷом расонида шуданд.
Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ меҳмононро хайра мақдам гуфта, изҳор намуд, ки Ҳукумати вилоят тасмим гирифтааст, то аз ҳисоби маблағҳои буҷети вилоятӣ дар назди Дармонгоҳ як ошхонаи замонавӣ сохта ба истифода диҳад.
Ёдрас мекунем, ки дар доираи сафар ба минтақаи шимоли кишвар вазири корҳои дохилӣ рӯзи 6-уми ноябр ҳамчунин дар маросими ифтитоҳи бинои нави идораи хадамоти оташнишонии вилояти Суғд ширкат варзида, ҳамчунин аз ноҳияи Конибодом боздид намуда ва дар он ҷо дар маросими кушодашавии ду Минтақаи маъмурии милитсия ва бинои нави якошёнаи иловагии Шуъбаи ВКД дар шаҳри Конибодом низ ҳузур дошт.
Зимни сафари корӣ вазири корҳои дохилӣ ба ноҳияи Исфара ташриф оварда, ба кушодашавии нуқтаи такягоҳи милитсияи №4-и шаҳраки Шӯроб оғоз бахшид. Ин нуқтаи такягоҳи милитсия аз утоқҳои корӣ ва хобгоҳ барои ҳайати шахсӣ иборат буда, барои фаъолияти самаранок ва истироҳати ҳайати шахсӣ шароитҳои мусоид фароҳам оварда шудаанд.
КҲФ аз боришоти борони пуршиддат ва хатари омадани сел ҳушдор медиҳад
Чароғҳои кӯчаву хиёбонҳои Душанберо кай фурӯзон мекунанд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2025
Аз осорхонаи Айнӣ то бозори “Меҳргон”. 10 макони дидании шаҳри Душанбе
Беш аз 22 млн сомонӣ. Ҳизбҳои ба парлумон роҳёфта аз буҷаи давлат чанд сомонӣ мегиранд?
Соҳибтаҷрибае бо донишҳои муосир мусаллаҳ. Рӯзноманигори шинохта Илҳом Ҷамолиён 65-сола шуд
Дар семоҳаи аввали сол ҳаҷми содироти молу маҳсулот аз Тоҷикистон кам шуд
“Охирин монеа бартараф шуд”. Толибон аз қарори хориҷи номи ин гурӯҳ аз рӯйхати созмонҳои мамнӯи Русия истиқбол карданд
Дар Тоҷикистон 17 собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондаанд
Як духтари 10-сола дар дарёи Вахш ғарқ шудааст. Наздиконаш барои дарёфти ӯ мадад мепурсанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста