Имрӯз вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ҳунармандонеро, ки дар чорабинии идона бахшида ба Рӯзи милитсия саҳми босазо гузоштанд, ба ҳузур пазируфта аз номи худ ва аз номи кулли кормандони мақомоти корҳои дохилӣ миннатдорӣ баён намуд. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, қайд карда шуд, ки санъаткорон тайи чанд рӯзи охир заҳмати зиёд кашида, меҳнати онҳо аз ҷониби роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ қадр карда мешавад.

Мавриди қайд аст, ки рӯзи 10 ноябри соли 2014, бахшида ба Иди касбии кормандони милитсия бо иштироки Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи тантанавӣ бо як шукӯҳу шаҳомати хос ташкил ва гузаронида шуд.

Дар баргузории ин  чорабинии муҳим саҳми аҳли ҳунар калон буда, онҳо тавонистанд ба Иди кормандони мақомоти корҳои дохилӣ обу ранг ва ҷилои тозае дода, аз ҷониби тамошобинон хуб пазируфта шаванд.

Бо фармони вазири корҳои дохилӣ барои ҳамкориҳои мутақобилан судманду самаранок, дастгирии ҳамаҷониба ва иштироки фаъолона дар чорабиниҳо бахшида ба Иди касбии кормандони милитсия Асадуллои Раҳмон, раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати ҶТ бо медали  Вазорати корҳои дохилии ҶТ «Барои мусоидат» ва дигар намояндагони аҳли ҳунару эҷод бо тӯҳфаи арзишноки «Соати дастӣ» аз номи вазири корҳои дохилии ҶТ ва мукофотпулии аз 500 то 1500 сомонӣ қадронӣ шуданд.

Гуфта мешавад, ҳунармандон дар навбати худ барои қадрдонӣ ба вазири корҳои дохилӣ изҳори сипос намуда, омодагии худро барои ҳамкориҳои минбаъда дар ҷодаи фарҳангу ҳунар баён намуданд.