Дар гузориши лоиҳавӣ-таҳлилӣ таҳти унвони «Ҳамгиройии авруосиёии Тоҷикистон: харитаи роҳ барои ҷомеаи коршиносон», ки аз ҷониби коршиносони Клуби коршиносони Осиёи Марказӣ «Рушди авруосиёӣ» таҳия ва аввали ҳафта дар Душанбе пешниҳод гардид, зикр мегардад, ки масъалаи мавҷуд набудани ҳусни тафоҳум миёни Тоҷикистону Қирғизистон дар масъалаи мақоми ҳуқуқии манотиқи наздимарзии онҳо яке аз мушкилоти сиёсии минтақа аст, ки ҳалли ҳарчи зудтарро тақозо мекунад.
Муаллифони гузориш қайд мекунанд, ки бо узвияти Қирғизистон ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) пеш аз Тоҷикистон, ин мушкилот ҷанбаи муҳиму вижа касб мекунад.
«Агар аз як тараф таъину аломатгузории пурраи марзи берунаи ИИАО дар сарҳади Қирғизистону Тоҷикистон маблағи зиёд, гузаштҳои дуҷониба ва вақтро тақозо кунад, аз ҷониби дигар, дар сурати минбаъд ба узвияти ИИАО пазируфта шудани Тоҷикистон, ҳамаи ин як кори беҳуда хоҳад буд. Дар ҳамин ҳол, аён аст, ки бо назардошти вазъ барои ҳалли ин мушкилот муҳлати хеле кам пешбинӣ шудааст», - қайд мешавад дар гузориш.
Дар гузориш таъкид мегардад, ки таҳияи формулаи барои ҳарду ҷониб қобили қабули ҳаллу фасли мухолифатҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон зарур аст.
«Дар сурати қабули қарори ниҳоӣ бобати ба узвияти ИИАО пазируфта шудани Тоҷикистон, ин метавонад формулаи давра гузариш бошад, ки дар ин давра назорати гумрукии бояду шоядро бо тартиби афзалиятнок ҳарду ҷониб таъмин мекунанд. Онҳоро кормандони мақомоти гумруки Русия ва Қазоқистон ва Комиссияи иқтисодии авруосиёӣ низ дастгирӣ карда метавонанд. Чунин таҷриба ба модели ҳамкории мақомоти гумруки ҳарду кишвар дар оянда, аллакай дар доираи ИИАО асос гузошта метавонад», - чунин мешуморанд муаллифони гузориш.




Сокинони кишвар дар моҳи март чанд рӯз истироҳат мекунанд?
Ҳаҷми маҳсулоти дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон истеҳсолшуда беш аз 30% афзуд
Беш аз 200 кас аз Эрон ва зиёда аз 110 кас аз Иморот ба Ватан омаданд. Тоҷикистон шаҳрвандонашро аз Ховари Миёна бармегардонад
Дар пайи садамае дар Душанбе се ҷавони 25-сола ҷон бохтааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 40
Низои маҳдуд, шиддатгирии вазъ ва бесуботии дохилӣ дар Эрон. Се гузинаи таъсири ҷанг дар Эрон ба Тоҷикистон
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 5 марти соли 2026
Тоҷикистон барои баргардони шаҳрвандонаш аз кишварҳои Ховари Миёна парвозҳои чартерӣ ташкил мекунад
Соли гузашта 9 мансабдор барои нақзи қонуни танзим ба додгоҳ кашида шудаанд
Эрон содироти маҳсулоти хӯроквориро манъ кард. Ин ба Тоҷикистон чӣ таъсир мерасонад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста