Дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раисии сафири Италия дар Узбекистон ва Тоҷикистон Риккардо Манара ҷаласаи навбатии Гурӯҳи Мини-Дублин баргузор гардид.
Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, дар ҷаласа сафирон ва намояндагони сафорати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Олмон, Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ, Штатҳои Муттаҳидаи Америка, Ҷумҳурии Узбекистон, инчунин намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла САҲА, барномаҳои Барномаи рушди СММ ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон иштирок намуданд.
Ба иштирокчиёни ҷаласа дар бораи вазъи нашъамандӣ дар Тоҷикистон, инчунин дар минтақаи Осиёи Марказӣ, чораҳое, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти назорат аз болои маводи нашъаовар, ташкили ҳамкориҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ, аз ҷумла бо ҳамкорони дигар кишварҳо дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар муаррифинома пешниҳод карда шуд.
Вазъи нашъамандӣ дар Афғонистон, таъсири он ба минтақа ва роҳҳои эҳтимолии рушди он мавриди таҳлил қарор дода шуд.
Дар вохӯрӣ маъалаҳои вазъи мухаддиротӣ ва чораҳое, ки дар доираи сиёсати зиддимуддиротӣ дар Тоҷикистон ва Узбекистон, ҳамкориҳо миёни аъзоёни гурӯҳи Мини-Дублин, Ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Узбекистон андешида мешаванд, муҳокима гардиданд.
Иштирокчиёни ҷаласа қайд намуданд, ки «танҳо бо кӯшиши дастаҷамъонаи ҳукуматҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ дар маҷмӯ метавон дар самти мубориза бо қочоқи маводи нашъаовар ва ҷиноятҳои бо онҳо алоқаманд, ба натиҷаҳои назаррас ноил гашт».
Дар хотимаи вохӯрӣ иштирокчиёни ҷаласа оид ба ёрии ҳаматарафа ба мақомоти дахлдори кишварҳо дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва рушди ҳамкориҳои пурсамари байналмилалӣ дар ин самт пешниҳодҳо қабул карданд.




Дар Тоҷикистон ду рӯз ҳаво сард шуда, борону барф пешбинӣ мешавад
Имзои зиёда аз 20 созишномаи ҳамкорӣ бо ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон дар доираи намоишгоҳи ITB Berlin 2026
“Сомон Эйр” парвозҳояшро дар хатсайри Душанбе-Дубай-Душанбе барқарор мекунад
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 42
“Нарх гарон мешавад”. Ҷанг дар Эрон тоҷирони тоҷикро нигарон кардааст
Эмомалӣ Раҳмон Муҷтабо Хоманаиро ба муносибати раҳбари олии Эрон интихоб шуданаш табрик гуфт
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 марти соли 2026
Эрон ва Амрико ҳамдигарро ба истифодаи маконҳои ғайринизомӣ барои ҳамла айбдор мекунанд. Рӯзи даҳуми даргирӣ дар Ховари Миёна
Писар ҷойгузини падар. Муҷтабо Хоманаӣ, роҳбари нави Эрон кист ва чӣ корнома дорад?
Закот ба кӣ фарз аст, онро бояд ба киҳо дод ва кӣ аз ин садақаи ҳатмӣ озод аст? Муҳимтарин нукот дар бораи закот
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста