Рӯзи 16-уми ноябри соли равон дар ҳудуди ноҳияи Ашт сокини маҳаллӣ Холдоралӣ Юлдошеви 51-сола аз ҷониби ронандаи автомашинаи номаълум пахш гардида, аз ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонии бардоштааш дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида буд.
Бино ба маълумоти маркази матбуоти ВКД ҶТ, ба гумони даст доштан дар содир намудани ин ҷиноят чанде қабл сокинони маҳаллӣ Мухбиралӣ Сафарови 25-сола, Маъруф Азимҷонови 26-сола ва Умедҷон Розиқови 29-сола боздошт шудаанд.
Гуфта мешавад, муайян карда шудааст, ки дастгиршудагон дар роҳи нақлиётгарди ҳудуди деҳаи Оби-Ашти ноҳияи мазкур ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Караван» Холдоралӣ Юлдошеви омӯзгорро аз автомашинааш фароварда, лату кӯб намудаанд. «Сипас бо автомашинаи худаш ӯро пахш карда, ба чуқурии назди роҳ партофта, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Дар натиҷа Х. Юлдошев дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст», - омадааст дар хабари маркази матбуоти ВКД.
Зимнан зикр мегардад, ки нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт идома дорад.




"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 46
“Шабе беҳтар аз ҳазор моҳ”. Имсол Шаби қадр кай аст?
Тоҷикистон ва БОР стратегияи шарикиро барои солҳои 2026-2030 ба имзо расониданд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 марти соли 2026
Аз таҳдиди Трамп то посухи Лориҷонӣ. Идомаи ҳамлаҳои Амрикову Исроил ба Эрон ва посухи Ҷумҳурии Исломӣ
“Азия-Плюс” ва “Ориёнбонк” дар Душанбе дарахт нишонданд
“Риояи қонунро мехоҳем”. Баҳси чанд сокини як бино дар Душанбе бо ширкати бинокори “Лутф-Сохтмон”
Хонандагону донишҷӯён дар ҷашни Наврӯз чанд рӯз истироҳат мекунанд? Вазорати маориф ва илм посух гуфт
33 миллион менависему 500 миллион мехонем. Баъди ифтитоҳи сарҳад тиҷорат миёни Тоҷикистону Қирғизистон дар кадом сатҳ аст?
Мактабе, ки як хонанда ва як омӯзгор дошт, ба филиали мактаби дигар табдил дода шудааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста