Дар доираи чорабиниҳои муқовимат ба ифротгароӣ ва пешгирии терроризм кормандони мақомоти милиса ва амнияти миллии Қирғизистон санаи 15-уми ноябри соли равон шаҳрванди Тоҷикистон, узви созмони динии ифротгарои фаъолияташ мамнӯъро боздошт карданд.

Бино ба иттилои торнамои «Сводка» бо истинод ба хадамоти матбуоти ВКД Қирғизистон, тоҷикистонии 40-сола Амрахон Эргашев дар яке аз кӯчаҳои Бишкек боздошт ва зимни санҷиш маълум шудааст, ки моҳи августи соли 2009 ӯ бо истифода аз шиносномаи хеши наздикаш ғайриқонунӣ тариқи вилояти Ботканд марзи Қирғизистонро убур намудаааст.

Тибқи маълумоти мавҷуда, шаҳрванд А.Эргашев аз соли 2002 узви фаъоли созмони диниии ифротгарои «Ҷамоати таблиғ» дар Тоҷикистон буда, чун Тоҷикистон ба тадбирҳои боздошти аъзои ин созмони фаъолияташ мамнӯъ тақвият мебахшад, А.Эргашев ҷиҳати раҳоӣ аз ҷавобгарии ҷиноӣ, ғайриқонунӣ марзи Қирғизистонро убур намуда, то ин замон дар қаламрави пойтахти кишвари ҳамсоя зиндагӣ доштааст.

Ғайр аз ин, А.Эргашев узви фаъоли ҳаракати мухолифи «Гурӯҳи 24» аст, ки аввали моҳи октябри соли равон дар Тоҷикистон иқдомҳои оммавии эътирозӣ барпо карданӣ буд.

Далели убури ғайриқонунии марзи давлатии Қирғизистон аз ҷониби А.Эргашев дар Раёсати умури дохилии ноҳияи Свердловски шаҳри Бишкек сабт шуда, маводи ҷамъшуда оид ба ин далел ба Сарраёсати КДАМ Қирғизистон супурда шудааст.

Санаи 18-уми ноябри соли 2014 суди ноҳияи Первомайскии шаҳри Бишкек дар бораи аз қаламрави Қирғизистон хориҷ кардани шаҳрванд Амрохон Эргашев ҳалнома содир кард.

Ҳаракати мухолифи «Гурӯҳи 24» соли 2012 аз ҷониби соҳибкор Умаралӣ Қувватов, ки аз Тоҷикистон фирор карда буд, таъсис дода шуд. Баъдан тоҷири дигари фироркардаи тоҷик Шарофиддин Гадоев низ худро узви ин гурӯҳ эълон кард. Онҳо Шамсулло Соҳибов, домоди президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмонро дар азхудкунии амволи ширкатҳои ба онҳо тааллуқдошта гунаҳкор медонанд.

Аввали моҳи октябри соли равон  Суди олии Тоҷикистон ҳаракати мухолифи «Гурӯҳи 24»-ро ифротгаро эълон карда, фаъолияти онро дар қаламрави кишвар манъ кард.