- Айни замон дар қаламрави Сурия тақрибан 300 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар амалиёти ҷангӣ дар ин кишвар ширкат доранд, - хабар медиҳад радиои «Озодӣ» бо истинод ба муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ)-и Тоҷикистон Акрам Амонов.
Зимни суханронӣ дар музокироти парлумонӣ санаи 21-уми ноябр А.Амонов дар ин робита изҳор намудааст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон ба амалиёти ҷангӣ дар Сурия тариқи қаламрави Русия ва Афғонистон сафарбар мешаванд ва яке аз нуқтаҳои сафарбарии ҷангиён ба Сурия дар шаҳри Маскав, хиёбони сулҳ воқеъ аст.
Қаблан ҳукуматдорони Тоҷикистон изҳор дошта буданд, ки дар амалиёти ҷангӣ дар қаламрави Сурия ҳудуди 200 нафар шаҳрвандони кишвар ҳузур доранд ва дар ин даргириҳо ҳадди ақал 50 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҳалокат расидаанд.
Дар ҳамин ҳол, раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров зимни музокироти парлумонӣ фаъолияти хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистонро мавриди интиқод қарор дод. Дар ин робита ӯ изҳор дошт: «Фаъолияти хадамоти муҳоҷират дар Русия ғайриқаноатбахш аст. Дар бораи ҳалокат ва риоя нашудани ҳуқуқҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия хабарҳои зиёд мерасанд. Аскари шаҳрвандон аз қаламрави ин кишвар хориҷ карда мешаванд».
Аз Театри миллӣ то чанд вазоратхона. Миллионҳо сомонии иловагии ҳукумат барои идомаи сохтмони чанд иншооти ҳукуматӣ
Корҳои фаҳмондадиҳӣ дар марказҳои савдои Душанбе бобати сарулибоси бегона
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 апрели соли 2025
Тарҳи “Зистан мехоҳам”: 931 зодаи Тоҷикистон дар ҳайати артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд
Ҳукумат барои идомаи сохтмони “Роғун” 200 млн сомонии иловагӣ равона мекунад
Боздошти корманди “Русский дом” дар Қирғизистон бо иттиҳоми ҷалби зархаридон ба ҷанг
“Расид наёрӣ, шаҳодатномаи хатм намедиҳам”. Шикоят аз ҳуҷҷатсупории иҷборӣ ба Маркази миллии тестӣ
Сардори нави Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД кист?
Комроншоҳ Устопирён дубора ба майдон бармегардад. Тоҷикистонро дар мусобиқаи байналмилалии куштӣ киҳо намояндагӣ мекунанд?
Рухшона Ҳакимоваро аз “СИЗО” ба маҳбаси занонаи Норак интиқол додаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста