Аз  27 октябр то 21 ноябри соли  2014 бори нахуст дар қаламрави Тоҷикистону Чин амалиёти муштараки зиддимухаддиротии оперативӣ - пешгирикунанда баргузор гардид.

Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ, мақсади асосии баргузории амалиёти муштарак пешгирии қочоқи воситаҳои нашъаовар, ки дар Афғонистон истеҳсол мегардад ва тариқи ҳудуди Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин, инчунин қатъи   хатсайри эҳтимолии воридшавии маводи нашъаовари аз Чин ба Тоҷикистон буд.

Дар амалиёт аз ҷониби Тоҷикистон кормандони Агентии назорати маводи нашъаовар, Кумитаи  давлатии амнияти миллӣ, Сарраёсати Қушунҳои сарҳадии КДАМ, Вазорати корҳои дохилӣ ва Хадамоти гумрук иштирок намуданд.

Барои роҳбарӣ, назорат ва ҳамоҳангсозии фаъолияти вазорату идораҳои ду давлат, ки дар ин амалиёт иштирок менамуданд, дар шаҳри Урумчии Чин Ситоди ҳамоҳангсозии  байналмилалӣ ташкил шуда буд.

Дар асоси Нақшаи тасдиқшуда, фаъолият дар фурудгоҳҳои байналмилалии шаҳри Душанбе, Урумчи ва Қошгар  пурқувват карда шуд. Инчунин, дар ин давра фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар истгоҳҳои роҳи оҳан ва роҳҳои автомобилгарди ду давлат пурқувват карда шуд.

Дар натиҷаи амалиёти гузаронидашуда аз тарафи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ду давлат 34 ҳодисаи муомилоти ғайриқонунӣ маводи нашъаовар ошкор шуда, 38 нафар ашхосе, ки дар ҷиноёти мухаддиротӣ даст доштанд, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд.

Аз муомилоти ғайриқонунӣ   181 кг  маводи нашъаовар мусодира шуд, ки аз он  героин 22 кг,   афюн - 18 кг   ва маводи нашъаовари гурӯҳи каннабис – зиёда аз  140 кг-ро ташкил дод.

Гузаронидани чунин амалиётҳо имконият дод, ки ҳалли масъалаҳои вобаста ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар дар ҳамбастагӣ ҳалли худро ёфта, тақвияти механизми иҷроиши ҳамкориҳои дуҷонибаи зиддимухаддиротии байни мақомотҳои салоҳиятдори Тоҷикистон ва Чин боз ҳам густариш ёбад.