Дар ҳамлаи толибон ба Мазори Шариф сафири ҳозираи Афғонистон дар Тоҷикистон осеб надидааст, вале ба эҳтимоли васоити ахбори умум, дар ин ҳамла шояд дипломате захмӣ шуда бошад, ки сафири тозтаъини Тоҷикистон аст.

« Сафири кунунии Афғонистон дар Тоҷикистон Абдулғафур Орзу айни замон дар Душанбе буда, маълумот доир ба гӯё осеб дидани ӯ дар пайи ҳамла ба консулгарии генералии  Олмон дар Мазори Шариф асоси воқеӣ надорад», - хабар доданд имрӯз ба «Азия-Плюс» аз сафоратхонаи Афғонистон дар Душанбе.

Қаблан РИА Новости бо истинод ба хабаргузории афғонии «Пажвок» иттилоъ дод, ки ҳангоми ҳамла ба консулгарии Олмон дар шаҳри Мазори Шарифи Афғонистон сафири Афғонистон дар Тоҷикистон осеб дидааст.

Дар ҳамин ҳол, Абдуғафур Орзу то охири моҳи ноябр ба намояндагии дипломатии Афғонистон дар Тоҷикистон роҳбарӣ хоҳад кард. «Эҳтимол ҳангоми таркиш дар Мазори Шариф дипломат Муҳаммадгул Зулмай Юнусӣ, ки баъди як моҳ Абдулғафур Орзуро иваз мекунад, осеб дида бошад», - менависад хабаргузории «Озодагон».

Шаби гузашта ҳангоми ҳамлаи толибон ба консулгарии Олмон дар шаҳри Мазори Шарифи Афғонистон автомашинаи боркаши ҳомили маводи тарканда девори бинои консулгариро рахна карда, метаркад ва сипас афроди ниқобпӯш ба қаламрави он ворид шудаанд.

Дар дохили бини инииҷори дуюм рух дода, сӯхтор сар мезанад. Тибқи маълумоти ахир, бар асари ин ҳамла ҳадди ақал 4 нафар ҳалок ва беш аз 120 нафар захмӣ шудаанд, ки ҳамаашон шаҳрвандони Афғонистон мебошанд. Дар Вазорати корҳои хориҷии Олмон изҳор доштаанд, ки миёни осебдидагон кормандони онҳо ҳузур надоранд.