Кормандони сохторҳои қудратиии мустақар дар шаҳри Хуҷандро субҳи имрӯз бо бонги хатар бархезонида, онҳоро лозим аст, ки ҷинояткорони аз маҳбас фироркрдаро дарёфт намоянд. Чунин аст сенарияи машқу омодагирии сохторҳо.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Суғд дар ин робита хабар дод, кормандони сохторҳои қудратӣ давоми рӯз дар қаламрави шаҳр машқу тамринҳо гузаронида, дар ҷараёни он тарзи амалу кор барои дастгир кардани маҳбусоне, ки эҳтимолан аз зиндонҳо мегурезанд, мавриди омӯзишу таҷриба қарор дода мешавад.

Бино ба иттилои манбаъ, дар ин машқҳо ба ҷуз ҳайати шахсии кормандони сохторҳои қудратӣ, ҳамчунин сагҳои хизматии ҷустуҷӯӣ низ сафарбар шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, субҳи имрӯз сокинони шаҳри Хуҷанд аз шумори зиёди кормандони милитсия дар кӯчаҳо ба ташвиш афтода, овозаҳое паҳн шуданд, ки гӯё аз тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО) 5 нафар маҳбусон фирор кардаанд. Аммо дар маркази матбуоти Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд ин овозаҳоро беасосу дурӯғ хонданд.

Тавре ба «Азия-Плюс» корманди маркази матбуоти Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд Муҳсин Юсуфов хабар дод, «маҳбусони фироркарда - гурезаҳои эҳтимолӣ аз ҳисоби кормандони милитсия мебошанд».

Asia-Plus