Дар марзи давлатии Тоҷикистону Афғонистон аз қочоқи миқдори зиёди маводи муххаддир ба ҷумҳурӣ пешгирӣ шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ ҶТ, ҳафтаи гузашта марзбонон бо кормандони КДАМ дар минтақаи муҳофизати сарҳадии Отряди сарҳадии “Шурообод” 2 ҳолати интиқоли ғайриқонунии маводҳои мухаддирро аз Афғонистон ба қаламрави кишвар пешгирӣ намуданд.

Гуфта мешавад, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-иктишофӣ дар ҳар ду ҳолат аз ҷониби гурӯҳи номаълуми қочоқбарони афғон, ҳангоми убури ғайриқонунии сарҳади давлатӣ ва кӯшиши интиқоли маводҳои нашъаовар бо хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ ва кормандони КДАМ ҶТ рӯ ба рӯ мешаванд.

Ба иттилори манбаъ, қочоқбарони афғон ба амри сарҳадбонон итоат накарда,  байни онҳо задухӯрди мусаллаҳона ба вуқӯъ меояд, ки дар натиҷаи задухӯрд қочоқбарон ба муқовимати сарҳадбонон тоб оварда натавониста, аз торики шаб истифода бурда ба самти Афғонистон фирор карданд.

Зимнан зикр мегардад, ки ҳангоми азназаргузаронии ҷойи ҳодисаҳо, 29 кг маводи мухаддири навъи ҳашиш, 2 кг афъюн, 76 кг бангдона дарёфт ва мусодира карда шуда, оид ба далелҳои мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз ва тафтишот дар ин самт идома дорад.