Мақомоти пулиси Русия як зодаи 33-солаи Тоҷикистонро боздошт кардаанд, ки раҳбари намояндагии гуруҳи террористии Давлати исломӣ (ДИ) дар Санкт Петербург ном бурда мешавад.

Бино ба иттилои хабаргузории «Озодагон» бо истинод ба расонаҳои Русия, номбурда аз сӯи мақомот 19 октябр дар вилояти Ленинград боздошт гардидааст.

Гуфта мешавад, шаҳрванди Тоҷикистон дар таблиғ ва ҷалби пайравон ба гурӯҳи террористии “ДИИШ” тариқи WhatsApp, Telegram ва Zello муттаҳам мешавад.

Мақомоти рус гуфтаанд, зимни кофтукоб аз хонаи боздоштшуда на танҳо адабиёти динӣ, балки таппонча бо тирҳояш, 50 грамм маводи мухаддир, ноутбук ва василаҳои алоқа дарёфт гардидаанд.

Зикр мегардад, ки  ҳамчунин, як марди 28-сола ҳангоми амалиёт дар ноҳияи Невскии Санкт-Петербург дастгир шудааст, ки ба даъвати боздоштшудаи аввал ба “ДИИШ” гаравида, мебоист барои ҳамлаҳои террористӣ дар лагерҳои махсус таълим мегирифт. Аммо наздикони боздоштшудаи дуюм изҳор доштаанд, ки ӯ озод шуда, дар парванда ҳамчун шоҳид баромад хоҳад кард.