Воҳидҳои бригадаи тирандозии «сабук»-и Ҳавзаи марказии ҳарбӣ, ки аз Поволже ба Тоҷикистон партофта шуданд, бори нахуст дар мавзеи кӯҳу саҳро тамринҳои низомӣ баргузор карданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Ҳавзаи ҳарбӣ, сарбозону афсарон бархосту омодагӣ бо бонги хатар, анҷом додани раҳпаймоӣ, таҳти посбонӣ гирифтани иншооти муҳим, ҳамчунин тактикаи мубориза бо гурӯҳҳои ҷиноятпешаи зудҳаракатро дар макон (релйеф)-и душворгузар мавриди омӯзиши таҷриба ва амал қарор доданд.

Дар ҳайати гурӯҳи баталйонӣ ба ҷуз тирандозон, воҳидҳои миномётӣ, иктишофӣ, муҳандисиву минпокккорӣ ва тиббӣ, ҳамчунин мутахассисони воҳидҳои таъминоти моддӣ-техникӣ ва дигар навъҳои таъминот ҳузур доштанд.

Гуфта мешавад, дар ин тамринҳои низомӣ, ки муддати як ҳафта идома ёфтанд, дар маҷмӯъ беш аз 500 нафар иштирок ва ҳудуди 100 адад техника сафарбар шуд.